Дурягӣ ва хиёнаткории Шарофиддин Гадоев
Хоинони миллат ва давлати мо чунон дуруя ва фурӯхташуда ҳастанд, ки баъзе аз онҳоро танҳо марг аз ин бемории азиятмекашидаашон халос карда метавонаду бас. Чанде пеш яке аз хоинон ва косалесони Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ихтиёран Шарофиддин Гадоев, санаи 15 феврали соли ҷорӣ ба ватан баргашта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма бо суханони худ аз пушаймониҳояш сухан кард. Дар гузоришаш таъкид ҳам карда буд, ки баъди 6,5 соли беватанӣ бо эҳсоси хатогиҳои нобахшидании худ ихтиёран ба ватан баргашд ва ба дигар ҳаммаслаконаш тавсия дод, ки ба Тоҷикистон баргарданд. Ҳатто модару хоҳари Шарофиддин бо хурсандии беҳадду канор аз давлату Ҳукумати мамлакат барои бахшидани гуноҳҳои нобахшиданиаш миннатдорӣ намуданд.
Аммо баъди чанд рӯзи пушаймонӣ Шарофиддин Гадоев, суханҳои аз пушаймонӣ кардаашро фаромӯш карда боз ба назди хоҷагони хориҷиаш рафта, ба хориҷи кишвар рафт ва ба туҳмату буҳтонҳои худро нисбат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баён намуда истодааст.
Аз суханони ин шахси манфур гӯё мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо кӯмаки мақомоти дахлдори Федератсияи Русия дастгир шуда бошад. Дурӯғу буҳтон будани ин гуфтаҳо дар он аён мегардад, ки агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Шарофиддин Гадоевро дастгир мекард, ҳаҷ вақт ӯ дар ватан озодона гаштугузор намекард ва имрӯз дар хориҷи кишвар қарор намегирифт.
Сиёсати бахшояндагии Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони кишвар имрӯз дар ягон давлати дунё дида намешавад. Шарофиддини кӯрнамак имрӯз бори дигар хиёнакор будани худро исбот намуда, нисбати ватани худ бори дигар ношукрӣ кард. Ӯ на фикри модари пиру хешу ақрабон ва на фикри ободию осоиштагииватанашро мекунад.
Ба фикри мо ин нохалаф бо супориши хоҷагонаш ва ҳангома кардану туҳмати навбатӣ ба Тоҷикистон омада, боз ба косалесӣ ба назди Кабирию ҳаммаслаконаш баргашд. Аз ин рафтори ноҷавонмардонаи Гадоев чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки мо ҳеҷ гоҳ набояд ба ин шахсони майнаи сарашон фалаҷгашта, ки хоҷагонашон бо ҳар роҳ забонкӯтоҳ кардаанд бовар намоем.
Ҳамин тариқ, дасисабозиҳои пасипардагии Кабирию Шарофиддин ва дигар аъзоёни гурӯҳи мутташаккили ҷинояткоронаи онҳо, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баён менамоянд асоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ надоранд. Мо мардуми заҳматкаши тоҷик ба муқобили душманонаи хоинони миллат, ки таи чанд сол ба тарафи зарсамин ва хоки муқаддаси ватанамон санги маломат мепардоянд, муборизаи беамон бурда, зиракии сиёсӣ, ҳисси ватандорию инсоншиносии худро дучанд зиёд намуда, намегузорем то ба суботу оромии кишвари мо халале ворид намоянд.
Ҷабборов Иброҳим Раҳматович н.и.т., дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқ