Факултети педагогӣ: Зӯроварии хонаводагӣ ва роҳҳои пешгирии он​

Дар кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети педагогӣ семинари илмӣ – назариявӣ дар масъалаи «Муайян намудани сабабҳои зӯроварии хонаводагӣ ва роҳҳои пешгирии он» бо иштироки аъзоёни кафедра баргузор карда шуд.

Дар оғози семинар мудири кафедра, дотсент Ҳусейн Зайтметов доир ба зуроварӣ ва сабабҳои сар задани он баромад намуда, чунин иброз дошт:“Ҳамасола дар ҷаҳон аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр маъракаи иттилоотӣ таҳти унвони «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ нисбат ба зан» гузаронида мешавад. Он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкунӣ нисбат ба занон рӯи кор омад. Банобар ин, барои муайян намудани сабабҳои зӯроварии психологӣ ва роҳҳои бартараф намудани он бетараф набошед ва дар омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир саҳмгузор бошед.

Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби сармуаллимаи кафедра Муҳаррам Раҳимова маърӯза гуфта шуд. Сармуаллима зуровариро яке аз сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳо, махсусан оилаҳои ҷавон пиндошт, инчунин оид ба намудҳои зуроварӣ: зӯроварии ҷисмонӣ, зӯроварии рӯҳӣ, зӯроварии иқтисодӣ ва зӯроварии шаҳвонӣ маълумот дода, аз оқибатҳои нохуши он изҳори нигаронӣ намуд.

Дар фарҷоми семинар аъзоёни кафедра ва иштирокчиён Зайтметов Ҳусейн, Мунаввара Мухторова, Мансурбой Луфов, Камолиддин Ғоибов, Раънохон Ҳоҷибоева, Фаридун Саидовва

Пиров Ҳ. фикру дархостҳои худро оид ба муайян намудани сабабҳои зӯроварии хонаводагӣ ва роҳҳои пешгирии он пешниҳод намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ