Асъори миллӣ – муқаддасоти миллат

Барои беҳдошти амнияти миллӣ ва инчунин дастгирии бевоситаи сиёсати Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин Ҳукумати мамлакат мардуми шарафманди Тоҷикистон бо меҳнати софдилонаи худ мекўшанд. Зеро аз давраи ба сари ҳокимият омаданашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу осоиштагӣ мекўшанд.

Шахсиятҳое дар ҷамъияти мо вомехўранд, ки ба ҳамин сулҳу осоиштагӣ назар карда наметавонанд ва барои халалдор кардани мардум тамоми қувваи худро сарф мекунанд. Мо дар мисоли боз як падидаи наве мушоҳида карда метвонем, ки ин дар рўи пули миллӣ навишта шудани ҳар гуна эътирозҳо нисбати Сарвари давлат мебошад.

Асъори миллӣ муқаддасоти ҳар як мамлакати расман эътирофгашта мебошад ва навиштани ҳар гуна ақидаҳои ғаразнок дар рўи он ноодамист, зеро мардум бо он хамешагӣ сарукор доранд. Магар ақидаҳои беасосро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардан аз мўд мондааст, ки бечораҳо дар куҷо навиштанро намедонанду дар асъори миллӣ менависанд.

Аммо мардуми шарафманди тоҷик, ки қавиирода ҳастанд ва сафедро аз сиёҳ фарқ мекунанд, ин ақидаҳои ғаразнокро умуман ба назар намегиранд. Зеро халқи тоҷик тамоми ғамхориҳои Сарвари давлатро дида, сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Рахмонро дастгирӣ менамоянд.

Эсхата

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ