​Ҳангомаи навбатии Муҳиддин Кабирӣ

Доир ба пешниҳоди таъсиси “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” аз ҷониби раиси Паймони Миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар маросими ёдбуди шодравон Файзинисо Воҳидова, ки гуфтааст: “Пеш аз баргузории ин маросим, ба ман хабар доданд, ки баъзе аз мухлисон ва дӯстони Файзинисо Воҳидова пешниҳод кардаанд, ки бояд “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” таъсис гардида ва ҳамасола ба бонувон ва занони шуҷоъ, ки дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар, махсусан ҳуқуқи занон фаъолият мекунанд, эъто шавад” метавон гуфт, ки сухани ӯ бардурӯғ, бофта буда, асоси воқеӣ надорад.

Бояд зикр намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ бори дигар мехоҳад худро дар чашми мардум некӯ боадолат нишон дода, ба амалҳои нодурусти хеш таблиғоти тозаеро дар миёни ҷомеа матраҳ намояд. Ин худнамоиҳо ва ташвиқотҳои қалбакии ин гуна мардум пӯшида нахоҳад монд. Зеро миллати оқилу тавонои тоҷик худ хуб медонад ва дигар пойбанди фиребу найранг ва дасисаҳои бофтаву бардурӯғи ҳар як касу нокас нахоҳад шуд. Чунки миллат худ фаъолияти ҳар як нафар ва гурӯҳу қувваҳои гуногуни хориҷиву дохилӣ бохабар буда, намегузорад, ки бори дигар он воқеаҳои солҳои нахусти истиқлолии Тоқикистон, ки ҳамаро ба хуну хок кашида буданд такрор шавад. Аз ин лиҳоз суханбозиву дасисаҳои солҳои гузаштаро дар мисоли суханронии Муҳиддин Кабирӣ раиси Паймони Миллии Тоҷикистон мебинем, ки мехоҳад бо дурӯғи навбатӣ ҳангома карда, худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқ ва озодандешии мардуми тоҷик нишон бидиҳад.

Изҳороти дотсенти кафедраи филологияи араб

Ҳомидиён Ҳикматшоҳ ва Саидғанизода С. доктаранти PhD

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ