Терроризм миллат надорад ва набояд онро дастгирӣ кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаиҷаҳонӣ бо дигар мамлакатҳои дуру наздик робитаҳои дипломатӣ барпо намуд, ки ба густариши сиёсати хориҷӣ мусоидат кард. Дар баробари ин бо бисёр ташкилотҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ низ ҳамкорӣ оғоз намуд.
Ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳуқуқи байналхалқӣ Тоҷикистон низ бо баромадҳои пурмўҳтавои Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ обрўву нуфузи ҷаҳонӣ пайдо намуда онро сол аз сол боло карда истодааст.
Имрўз, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаҳои глобалӣ зиёданд, яке аз онҳо проблемаи терроризму экстремизм мебошад, ки Тоҷикистон пайваста бо он мубориза мебарад.
САҲА яке аз аввалинташкилотҳое ба шумор меравад, ки бо он Тоҷикистон аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳамкорӣ мекунад.
Аммо он масъалаи ба нишасти навбатии онҳо даъват шудани наҳзатиҳоин аз рўи стандартҳои ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи башар нест, зеро фаъолиятион дар Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳоиаъзои СММ ва созмонҳои дигари ҷаҳонӣ (аз ҷумла САҲА) мебошад, манъ карда шуда ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон карда шудааст. Онҳо бояд ҳамчун ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ бояд ҷумҳуриҳои соҳибистиқлолро, ки ботерроризм ва экстремизм мубориза мебаранд, дастгирӣ намояд ва нагузорад, ки чунин падидаҳои номатлуб садди роҳи муносибатҳои осоиштаву дўстона байни давлатҳо гардад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки фаъолияти САҲА асосан барои роҳ надодан барои низоъҳо,амният, ҳимояи ҳуқуқи инсон, баробарҳуқуқӣ, роҳ надодан ба ҳар гунна падидаҳои номатлуб ва ғайраҳо мебошад. Зеро, дар зерсохтори худ 57 мамлакатро сарҷамъ намудааст ва ҳамешагӣ онҳоро бояд дастгирӣ намояд.
Инчунин қайд кардан бамаврид аст, ки терроризм ватан , миллат надорад ва мақсади он умуман бо мақсадҳои мамлакатҳои ҷаҳон, ки ҳамеша тарафдори сулҳ дар тамоми ҷаҳон ҳастанд, мувофиқ нестанд. Барои ҳамин мо бояд бо терроризм мубориза барем ва нагузорем, ки он ба сулҳу ваҳдату осоиштагӣ заррае ҳам халал расонад.