​Изҳорот ба хабари Саидмансур Шоиков оид ба тирпарронӣ дар Хоруғ

Дар расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳо оид ба вайрон кардани тартибот ва ҳодисаҳои тирпарронӣ дар ВМКБ-ро шунида, нороҳат шудем. Ҷавонони гумроҳ бадасисаву ангезаҳои як гурӯҳ ватанхилофон ва ба қавле “лидерон” фирефта шуда, ба роҳи шайтонӣ равонанд. Шояд онҳо аз он ранҷу азобҳое, ки мардум бар асари ҳамин гуна дасисаҳо аз сар гузаронд, бехабар бошанд, лекмо намегузорем, ки якпорчагии Ватани азиз аз байн равад.

Ҳукумати мамлакатбо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ,муҳтарам ЭмомалӣРаҳмонбарои таъмини сулҳу суботдар Тоҷикистони азиз шабу рӯз талош меварзанд.Мардуми тоҷик намегузорад, байни халқ ҷудоӣ бошад. Мо ҳама фарзанди як ватанем ва нашояд, ба он хиёнат кунем.

Аз мардуми ВМКБ, хусусан аз ҷавонҳо даъват ба амал оварда, гуфтанием, киҳамаи қувваю нерӯи худро барои илмомӯзӣ, донишандӯзӣ,дарки дурусти масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ равона созед. Ояндабин бошед ва барои ояндаи дурахшони худ бикӯшед. Халқи тоҷикро аз азал ҳамчун мардуми бофарҳангу бомаданият мешинохтанд ва имрӯз вақти он расидааст, кимо худро ба оламиён ҳамчун фардони донишманд, воқиф аз илмҳои замонавӣ нишон диҳем. Вақти он нест, ки барои корҳои беҳуда нерӯи худро масраф намоем. Ҷавонони Хоруғ, бикӯшед, ки шуморо ҳамчун мардони оқилу фозил оламиён шиносанд, на ҳамчун хоинони Ватан.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ Истиқлолияти кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ