Пешгирии ҷавонон аз терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва ҳодисаҳои номатлуб
Дар хобгоҳи №1-и донишгоҳ бо донишҷўдухтарони фаъол аз тарафи намояндагони МИҲД-и вилоят доир ба пешгирии экстремизм, терроризм, бегонапарастӣ ва ҳодисаҳои номатлуб, зўроварӣ дар оила мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИХД-и вилоят НигораҒаффорзода, директори мактаби хусусии «Гулчини маърифат» М. Муинова, мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ З. Рустамова иштирок доштанд.
Иштирокдорони чорабинӣ оид ба ин мавзўъ суханҳои пурмўҳтаворо иброз намуданд. Дар ҷамъбаст аз номи кулли донишҷўдухтарони хобгоҳ, донишҷўи курси сеюми факултети филологияи тоҷик Ганҷина Музаффарзода баромад намуда, меҳмонон ва иштирокдоронро бовар кунонд, ки ҷавонондухтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров имрўз ва дар оянда низ бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаро тақвият мебахшанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил