​Изҳороти омўзгорони кафедраи биологияи тиббӣ

Дар вохўрии сарони давлатҳои ИДМ ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, намояндагони 26 давлати дунё ширкат варзиданд. Баргузор шудани ин вохўрии бонуфўз аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳони муосир дорои мавқеву мақоми хос буда, барои таъмини амнияту пойдории сулҳ дар минтақа саҳмгузор мебошад. Бо баробари муҳокимаи масоили мубрами иқтисодиву сиёсии минтақа Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд шартномаҳову ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтиморо бо ҷумҳуриҳои гуногун, аз ҷумла Россия, Чин, Узбекистон, Эрон, Шри – Ланка, Қазоқистон ва дигарҳо ба роҳ монда, барои табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ – аграрӣ иқдоми нек мебошад. Ин далели эътимоди кишварҳои ҳамсоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онҳо ба ояндаи дурахшони кишвари мо боварӣ доранд.Бояд ки ҳар як шаҳрванди ватандўсту баору номус, худро бетараф нашумурда, барои пешбурди ин ватани ободу зебо сайъ намояд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ