​Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дониш

Ҳамасола дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва макотибҳои олӣ дарси сулҳ бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Пешвои ҷавонпарвари кишвари азизамон дар паёми имсолаи худ якчанд мушкилиҳоро доир ба забони хориҷӣ ва тарзи аз худ намудани онро махсусан қайд карданд. Таваҷҷӯҳи махсуси Пешвои миллат доир ба соҳаи маориф хеле баланд буда, даъват ба амал оварданд, ки хонандагону донишҷӯён ба забонҳои хориҷӣ, махсусан забони русӣ ва англисӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Дар мактабҳои миёна зиёд намудани соатҳои забони хориҷиро баён намуданд, ки зинаи аввалини омӯзиш аз мактаб оғоз мегардад. Муроҷиати Пешвои миллат ба волидайн низ беҷо набуда, назорати қатъии онҳо нисбати фарзандонашонро таъкид карданд. Ба ҷавонони кишвар иброз доштанд, ки бо як ду забони хориҷӣ қонеъ нагардида аз пайи омӯхтани дигар забонҳои хориҷӣ низ гарданд, зеро ҳар касе ки бо забонҳои хориҷӣ озодона сухан меронад, ҳеҷ вақт дар зиндагӣ ба мушкилӣ дучор намегардад.

Мо як гурӯҳ омӯзгорони факултети забонҳои шарқ аз сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат қонеъ гардида, барои ҳаматарафа тарафдорӣ намудани он кӯшиш мекунем.

Мо ҷавонони кишвар қувваи худро оиди баланд бардоштани сатҳи сифати таълим равона менамоем. Барои ривоҷу равнақи кишвари азизу маҳбубамон софдилонаву сарҷамъона хизмат мекунем.

Мо омӯзгорони факултети забонҳои шарқ дар қатори ҷавонони бофарҳангу ватанпарвар якҷоя камари ҳиммат баста, якдилона ба пешрафти ватани азизамон аз сидқи дил хидмат мекунем ва ҳамаҷониба тарафдори суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва хоҳем монд.

Кулли устодони кафедраи забони англисии фаукултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ