Тавсияатон ба худатон насиб кунад!
Зиндагӣ фалсафаест, ки инсон ба қадру ақлу хирадашмешиносаду бархебо шодивуфараҳ, умеду орзуҳои ширин, бо созандагиву бунёдкорӣ, ва бархе бо ғаму дарду шикояту норизогиву ҳасад зиндагӣ мекунанд.
Имрӯзҳо вазъи сиёсии ҷаҳон муташанниҷ(бо ибораи дигари таҳлилгаронхаос)буда, аз ҳар як шаҳрванд зиракии сиёсӣ, донишу маърифати баланд, таҳаммулу тоқатпазирӣ, меҳру муҳаббати беандозаба ватани аҷдодӣ, риояи одоби муошират ва ғайраро тақозо мекунад.
Хушбахтона,имрўзҳо чавонони тоҷик соҳиби ғурури баланд, дониши кофӣ, зиракии сиёсӣ, меҳри беандоза нисбати Ватани азизи хешро соҳибӣ доранду ба ягон сиёҳкуниву тўҳмат, дасисаву фиреб бовар намекунанд.
Боиси тааҷҷуб аст, ки«ҷанобони дилсўзи ватан» паси парда сухангўӣ мекунанду аз хориҷ истода вазъи сиёсииТоҷикистонро мавриди«таҳлилу таҳрир» қарор доданӣ ҳастанд. (гарчанде эхтиёҷе нест). Даъво мекунанд, ки баъзеҳоро беасос ба ҳабс гирифтед, мўҳлате нагузашта даъво мекунанд, ки дар мулки бегона гиридиҳамоӣ ташкил мекунанд, андак нагузашта фитна ва гуфтугӯи онлайнии раиси ба ном гӯё Паймони Миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабарӣ санаи 18 январи соли ҷорӣ бозии бачагонаро ба хотир меорад ….
Далели раднопазирест, ки мардуми таҳаммулпазиру дурандеши тоҷик дигар бамаслиҳату насиҳату андешаву роҳнамоии ягон «ватандорони баномус» эҳтиёҷ надорад ва сўи ояндаи худ бо сари баланду эътимоди комил қадам мезанад ва дурахшон будани ояндаиТоҷикистонро барои баъзе кўрдилон собит месозад. (сохта истодааст).
“Мӯҳтарам” Кабирӣ ягон нафар мардуми тоҷик, аз хурд то бузург, эҳтиёҷ ба тавсияҳои шумо надорад, ки дар суханрониатон хеле зиёданд. Тавсияҳоятонро барои хеш нигоҳ доред. Мо мардуми боору номуси ватан аз шумо барин ҳамаватан шарм мекунем ва гуфтанӣ ҳастем, ки аз дур истода дар бораи Ватан – модар, роҳбари кишвар ва дигар нафарон дасисаву сиёҳкорӣ бас аст, бас аст, бас аст! Бо ин корҳоятон миллати тоҷику тоҷикистониёнро дар назди дигарон шармандаву шармсор карда истодаед. Шумо, агар ватандӯстӣ асил мебудед, ба ин амалҳои ноҷо даст намезадед. Шумо на, балки мо ба шумо тавсия медиҳем, ки оиди ватандориву ватандӯсторӣ осори гузаштагони бузурги миллатро мутолиа намоед. Шояд он вақт чашматон кушодаву ақлатон ба ҷояш ояд.
Хуб мебуд, шумо ва шумобаринҳо байти зеринро шиори зиндагиатон қарор дода, шарафу номуси мардӣ ва мард буданро фаромўш намекардед:
Ҷавонмардо, ҷавонмардӣбиомўз,
Зи мардони ҷаҳон мардӣбиомўз….
Сармутахассиси маркази
иттилоот ва таҳлили донишгоҳ