​Ду Ҷому ҳафт диплом муборак

13-14-уми марти соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории Олимпиадаи мазкур, баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва инчунин, муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад. Аз Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”дар Олимпиадаи мазкур аз рӯи 13 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) иштирок намуданд. Дар соҳаи математика Пўлотов Фирдавсҷон – донишҷўи курси 4-уми факултети математика ва дар соҳаи иқтисодиёт Олимова Шаҳноза – донишҷўи курси 2-юми факултети молия ва иқтисодиёти бозор бо «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дипломи дараҷаи якум сарфароз гардиданд. Азизов Шўҳрат – донишҷўи курси 3-юми факултети биология ва химия аз фанни биология, Шодиев Шоҳмурод – донишҷўи курси 3-юми факултети физика ва техника аз фанни физика ва Султонова Парвина – донишҷўи курси 2-юми факултети биология ва химия аз фанни химия сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Ҳамчунин Хабилова Мавзуна– донишҷўи курси 1-уми факултети геоэкология аз фанни геология ва Умарова Гулбаҳор – донишҷўи курси 2-юми факултети физика ва техника аз фанни астрономия ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гаштанд. Барои иштироки фаъол дар Олимпиадаи мазкур Имориддинов Сарфарозиддин (соҳаи забон ва адабиёти тоҷик), Ҳоҷиев Фарҳод (соҳаи таърих), Масаидова Нозигул (ҳуқуқ) бо «Ифтихорнома»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Зимни ҷамъбасти Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд гардид, ки аз 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баноми академик Бобоҷон Ғафуров мақоми махсусро соҳиб мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ