​ХНИ бозичаи дасти дигарон ва ё пуштибони САХА аз нахзатихо

ҲНИ ахиран бо баёнияи ошкоро нисбати вазъи дар рўзҳои наздик ба вуқўъ пайваста ба мақомотҳои давлатӣ муроҷиат намудааст, ки он фарогири нигаришҳои ошуфтаи манфиатхоҳону манфиатталабони роҳбараш мебошад. Вазъи кунунии ҷаҳони ислом бозгў мекунад, ки ҳар гурўҳ ба ҳар василае барои амалӣ гардидани ҳадафҳои ғайриисломиву мусалмонӣ ба сифати истифодабарандаи ақоиди дини поки ислом дар олами сиёсӣ кўшиши фароҳам оварадани заминаи манфиатҷўёнаеро анҷом медиҳад ва бо тахриби Қуръону ҳадис мардумро бовар мекунонанд, ки роҳи пешанамудаи онҳо дуруст мебошад. Мо боварӣ дорем, ки мардуми бомаданияту фарҳангпарвари тоҷик бо оташи афрўхтаи илму маърифат ва ақлу заковати бурро тирагиҳои ботинии шахсиятҳои бегонаву бегонапаристи худхоҳро мунаввар намуда, намегузорад, киТоҷикистон ба гурўҳҳои дорои ақидаҳои мухолиф ва майдони амалигардонии манфиатҳои ҷойталабонаи шахсиятҳо тақсим гардад.

Масъулини ҲНИ бо навиштани баёниаашон ҳарчанд кўшиш намуданд, ки як андоза тамкинро аз даст надиҳанд, вале то ҳадде ошуфта аз он гардидаанд, ки баста гардидани ҳизбашон сабаби беруни дарҳои сиёсат ва қудрат қарор гирифтани «ормон»-ҳои гуруҳиву фирқавиашон мегардад.

ҲНИ ҳарчанд яке аз ҳизбҳои сиёсии кишвар ба ҳисоб мерафт, ғайриқонунӣ тайи фаъолияташ бо ба роҳ мондани маросимҳои динӣ диққати шаҳрвандони мамлакатро ҷалб намуда, аз ҳисоби ба кор гирифтани ҳамин гуна равиши «санҷидашудаашон» барои афзудани сафи тарафдоронаш ёрмандӣ кардаанд, вале бояд таъкид намуд, ки дар худи ҳамин сол баста шудани кумитаи ҳизбиашон дар беш аз 56 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки аъзоёнашон бо хоҳиши худ пас аз дарк кардани ҳадафҳои «роҳбаронашон» аз сафи ҳизб хориҷ гардида, эътироф кардаанд, ки фаъолияти чунин ҳизб дар кишвар зарур нест ва бе ҳамин ҳам халқи тоҷик бо ояндабинӣ ва қувваи малакаву донишаш тулӣ ҳастии таърихиаш ба ҳифзи ормонҳои миллиаш пардохта, онро бо беҳтарин ваҷҳ нигоҳ доштааст.

ҲНИ дар баёнияаш мақомотҳои давлатиро барои роҳандозии сиёсатҳои саркўбгароёна алайҳи нерўҳо ва шахсиятҳои мустақил, ривоҷ додани фасоди давлатӣ, ҷамъ намудани қудрати сиёсӣ, шикастани ғурур ва каромати инсонҳо, дахолат ба умури шахсӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии шаҳрвандон мутаҳҳам намуда, бастани дафтари марказии ҲНИ-ро нишонаи равшани ворид гаштани кишвар ба як марҳалаи беҳуқуқӣ унвон кардааанд. Вале аз гузориши хаттии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум аст, ки ин даъво асоси воқеӣ надорад ва таҳиягарону масъулини матни ин баёнияи Ҳизби наҳзат беш аз як кўшиши «аз об хушк баромадан»-у худро бегуноҳ ҳисобидан нест.

Мо тавассути барномаҳои таҳлилии шабакаи якум аз бозичаи дасти дигарон ва ё пуштибони САХА аз нахзатихо на ин ки ошноӣ пайдо намудем, балки шоҳиди бо забони худашон хато будани чунин кирдори ғайрии нсониашон низ будем. Дар замони хозира Аз ин ҷиҳат айби худро пўшонидану баршумурдани айби дигарон низ аз ойинҳои исломии дини мо набуду нест.

Масъулини ҲНИ бо таъкид аз сиёсӣ будани ҳизбашон қайд намуданд, ки ҲНИ тавассути заҳмату ҷонбозиҳои таърихии муаассисонаш Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Маҳмадшариф Ҳимматзода табдил ба як мактаби бузурги фикриву сиёсӣ шудааст ва шояд ҳам ҳамин гуна ҳам бошад, вале бояд гуфт, ки маънаван ҳарчанд ин роҳбарони ҳизб асоси як бинои муассисаи сиёсиро ниҳодаанд, аммо афсўс, ки муаассир набудани ҳадафу ормонашонро метавон аз ҷиноятҳои шаҳватталабонаву мағризонаи баъзе аъзоёни баландрутбаи ҳизб ба мушоҳида гирифт.

Аз ин нуктаи назар метавон гуфт, ки баёнияи Шўрои сиёсии ҲНИТ ғаразнок буда, дар доираи мафкураи як гуруҳ аъзоёни ҳизб берун омадааст.

Ахмедова З.А. Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгохии забони русӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ