Маҳфили навбатии “Нерӯи сухан”
20-уми феврали соли 2019 тибқи нақша-чорабинии маҳфили “Нерӯи сухан” дар толори хурди раёсати донишгоҳ Ходими илмии институти илмҳои ҷомеашиносии донишгоҳ, номзади илмҳои филология, дотсент Нуралӣ Нурзод бо аъзоёни маҳфил вохӯрии муфид анҷом дод.
Суханварӣ бо каломи зебо ва лаҳни шево баён кардани мақсад, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи шунавандагон, хонандагон ва ҳунари сухан гуфтанро меомӯзонад.
Сухан дар қолиби калима, ибора ва ҷумлаҳои дилнишин бо ёрии фикру андеша ифода меёбад. Ҳадафи асосии суханварӣ фаҳмиш ва баёни мавзӯи хосса ба шунаванда ва хонанда аст. Баёни суханвар бояд тавре сурат бигирад, ки тавонад бахше ва ё кулли шунавандагонро тасхир созад ва дар дили онҳо ҳиссиёти гуногун: чун кин, ғам, шодӣ, нафрат ва амсоли инро барангезад. Ин амал ба воситаи чашму гӯшу забон, ғаму шодӣ ва кӯмаки лутфу эҳсосот ва андешаҳои пуртӯғёни инсонӣ падидор мегардад. Аз ин лиҳоз, маҳз суханварӣ мазӯи навбатии маҳфил қарор додашуд.
Сараввал, сармутахассиси маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ Шодмон Нурматов ба маҳфил ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмони маҳфилро ба аъзоён шинос намуда, гуфт: “Нуралӣ Нурзод яке аз нафароне мебошанд, ки дар ҷодаи илми адабиётшиносӣ роҳи худро пайдо намуда, ба ҷое расидаанд ва дорои мактаби худ ҳастанд.”
Сипас, Нуралӣ Нуров оид ба паҳлӯҳои илми суханвариву суханшиносӣ, таърихи пайдоиши суханварӣ, суханварӣ дар Арабу Аҷам ва суханвариву суханвар ба донишҷӯён маълумоти муфассал дода, таъкид дошт, ки барои сухандону суханшинос шудан лозим нест, ки дар мактабҳои махсус таҳсил кард. Зеро ин маҳорат дар ҳар як инсон ҳаст ва худи инсон онро бояд инкишоф диҳад. Мавсуф дар бораи роҳҳои ташаккул додани маҳорати сухандониву суханварӣ ибрози ақида карда, инчунин ба донишҷӯён аз таърихи адабиёти тоҷик, динҳои ҷаҳонӣ, дар бораи таърихи халқи ориёнӣ бо мисолҳову байтҳо бисёр маълумотҳои муфид дод.
Дар ҷамъбаст байни донишҷӯён ва устод мубодилаи афкор сурат гирифт.
Нишонбой Мадумаров ва Дилфӯза Қаюмова,
аъзоёни маҳфили "Нерӯи сухан"