Аксияи экологӣ дар соҳили дарёи Сир
Бо ташаббуси кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии ҷараёни “1300 рӯзи ободонӣ” аксияи экологӣ таҳти унвони “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд.
Аксияи мазкур бо ҷалби донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4- уми ихтисосҳои экологияи умумӣ ва агроэкологияи факултети геоэкология соҳили чапи дарёи Сир аз ҳудуди Маркази дилшиносии вилояти Суғд то чойхонаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд аз партовҳои гуногун, аз қабили зарфҳои пластикӣ, пасмондаи рӯзгор, халтаҳои селлофанӣ, алафҳои бегона ва ғайра тоза карда шудаанд. Дар аксияи экологӣ донишҷӯён, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар ободу сарсабз гардонидани диёрашон гузоштанд.