Изҳороти омўзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа
Кӯшиши сеюми Муҳиддин Кабирӣ барои созмон додани Иттиҳоди қалбакии неруҳои мухолифини Тоҷикистон низ ба таври олӣ ноком шуд. Дар суханронии худ роҳбари ҳизби террористии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бар зидди сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, худро ҳамчун шахси адолатхоҳ, ватандўсту меҳанпарвар нишон додааст. Мавсуф зимни суханрониаш иброз доштааст, ки гўё имрўз маҳбусони сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 нафар расидаанд, суоле ба миён меояд, ки ин марди «наҷиб» чунин иттилооро берун аз кишвар аз куљо пайдо намудааст? Дар асл ин наҳзатиҳои маҳбус ва худи Муҳиддин Кабирӣ ашхоси сиёсӣ набуда, балки ҷинояткор, террорист ва душмани ин халқу миллат мебошанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузаштаро хуб дар хотир доранд. Саркардаи ин ҷанги хонумонсўзи бародаркуш аъзоёни ҲНИ мебошанд, ки имрўз дар назди хоҷагони хориҷии худ аз «адолат» сухан меронанд.
Кабирӣ шояд хуб донад, ки дар замони кунунӣ он касоне, ки дар кишварҳои арабии Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон, ҳатто дар кишвари Афғонистон ба қатли мардуми осоишта машғул гашта, амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд ва боз иддао мекунанд, ки адлу адолатпешагӣ дар ин кишварҳо вуҷуд надорад, пайравони хаворич ҳастанд. Яке аз онҳо дар Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва пайравон (наҳзатиҳо)-и ӯ мебошанд.
Мо устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа боварии комил дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин фитнангезиҳои Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ў ҳеҷ гоҳ дода намешаванд ва нақшаҳои террористие, ки аз ҷониби ҲНИ барои ғасби ҳокимият матраҳ гардида буд, фаромўш намекунанд.
Дар нимаи аввали моҳи сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда, ҳангоми мулоқот бо сокинон вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум андешаронӣ намуданд.
Фаъолияти Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сифати рушди нерӯи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зиства шуғл таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад.
Мо ҳайати омўзгорони кафедраи байнифакултавии “Фалсафа” иқдоми наҷиби Пешвои муаззами Миллат Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, пайравӣ Пешвои худ ҳастем.