​Сарчашмаҳои бечашмаи замон

Ҳоло яъне дар қарни технологӣ ва нанотехнологӣ на танҳо мардуми тоҷик, балки тамоми халқи олам дарк намудаанд, ки ҳизби наҳзати Исломии дунёи муосир - сарҷашмаи пайдоиши экстремизм ва терроризм дар сайёраамон мебошад. Барои ҳамин дар айни замон яке аз самтҳои муфиди сиёсати хориҷиву дохилии тамоми мардуми гетӣ мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм аст. Мақсади асосии дастгирони падидаҳои экстремистӣ ва террористӣ ин ташкил намудани нобасомонӣ марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки ин исботи воқеотҳои ҳузнангези ҷаҳони мо буда, барои ташаккули хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон заминаҳо ташкил менамояд ва он дар айни ташаккул мебошад.

Байрақбардорони падидаҳои номатлуби ҷомеаи мо дини мубини Исломро ба сиёсат ҳамроҳ намуда барои пешбурди ҳаёти иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти осоиштаи мардуми ором нооромӣ оварда истода, ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдиливу ҳамрайъии инсонияти рӯи заминро коста гардонида истодаанд. Он гурӯҳҳои муайян динро чун силоҳ дар муборизаҳои сиёсии худ истифода бурданд ва мебаранд, зеро онҳо медонанд ки мусулмонон аз чорчӯбаи аниқи динашон намебароянд.

Дар замони ҳозира сохти давлатдории муосири аксарияти кишварҳо динро новобаста кадом дине набошад ба як сӯй нагузошта худ аз рӯи қоидаву қонуниятҳои давлатдорӣ корбарӣ менамоянд. Ин гуна давлатҳоро он бебунёдон аз номи динҳои пешрафтаи дунё сиёҳ мекунанд ва ба ин қаноат накарда бо яроқу силоҳ ва ташвиқоту тарғиботҳои инсоназобдиҳанда меҷиҳозонанд. Вале маҳз хато мекунанду халос – яъне дин барои онҳо ҳеҷ гоҳ парчам намешавад ва нахоҳад гардид.

Барои аланга гирифтани оташҳои нобасомониву ҷангҳои ифротгароёна ва сӯхторҳои беадолотона афрӯхтаи он носипосони номи инсонро сазовор гардида қудрати Муҳиддин Кабириҳои замони мо кам нестанд, вале мардум новобаста аз миллат дастгирони онҳо набуда баръакс хилофи онҳо мебошанд.

Масалан ҳаракати мардумии “Растохез” дар интиҳои солҳои 90-ум ва ҲНИ дар интиҳои соли 1991 то ҳол ягон амали мусбати чашмрасро барои мардуми Тоҷикистон нанамудааст ва танҳо ягоне аз аъзоёни он корҳои номатлуби зидди ҷомеаро анҷом медиҳанду баъд мардум дар бораи будани онҳо ба ёд меоранд. Ақидаҳои носолими аъзоёни он ташкилотҳо ба ҷомеаи мо чун оина равшан аст. Онҳо моҳиронанд ва барои офаридани бӯҳтону дурӯғҳо зидди давлатҳои ором мекӯшанд аммо роҳе надоранд, ки аз нотавонии худ даст кашанд. Онҳо саводи казоии муосир ва дунявӣ медоштанд ҷилави оромии мардуму миллати худро сахт медоштанд, вале афсӯс онҳо бо ғаразҳои нопок зидди инсоният таҷҳизонида шудаанд.

Қувваҳои оппозитсионӣ ошкор гардида, фирор намуда барои хизматҳои хоҷагони ҳамёнкалони хориҷӣ тайёранд, зеро дигар роҳ надоранд ва ба роҳҳои торик одат намудаанд ва роҳҳои равшану хурсандиву хуррамибахш ба онҳо зиндон метобад, зеро шуури онҳо торику тунук аст.

Кишвари мо – Тоҷикистон ҳамаи тадбирҳоро барои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм андешида истода, ҳамеша ба гуфтаву бӯҳтонҳои сомонаҳои ҳизбҳои террористии наҳзати ислом ҷавобҳои мушаххас дода кирдору найрангҳои онҳоро бо исбот ошкор менамояд ва намуда истодааст.

Аз ин пас низ мо омӯзандагони таълиму тарбия шогирдони худро бо ақидаву фикрҳои иғвоангези душманони оромии дунёямон ошно месозем ва намегузорем, ки онҳо фирефтаву гумроҳ гарданд.

Бобоева Зайнура Ҳомидҷоновна

дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии

забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ