Сарфарозиддин Иморуддинов дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” мақоми аввалро соҳиб гардид
14 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” аз рӯйи чор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза ҷамъбаст гардид. Сарфарозиддин Иморуддинов – донишҷӯи соли 4-уми филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар номинатсияи ”Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик” мақоми аввалро касб намуда, бо 30000 сомонӣ мукофотпулӣ қадр гардид.
Дар даври чоруми озмун Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур, волидайни иштирокдорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Чорабиниро Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки “ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки ҳақиқатан мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошанд”.
Мавсуф иброз дошт, ки “ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Озмун аз ноҳияҳо оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо муаррифӣ мегарданд”.
Сипас аз ҷониби Раиси комиссияи Озмун ғолибони чор номинатсия ва Шоҳҷоиза муаррифӣ гардида, бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофотпулӣ қадр гаштанд.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ба ғолибон супоридани мукофотпулӣ баргузор мегардад.
Муаррифӣ: Сарфарозиддин Иморуддинов 1-уми сентябри соли 1998 дар деҳаи Рогифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 ҳамин деҳа гирифта, соли 2016 ба факултети филологияитоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шудааст.

Таҳти роҳбарии номизади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев ҷиҳати иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” тайёрӣ дида, беш аз 574 ғазал, 620 рубоӣ, 130 мисраъ қасида, 2630 мисраъ достон,1390 мисраъ аз дигар навъи шеърӣ(аз қабили қитъа, маснавӣ, соқинома, мухаммас) ва зиёда аз 500 мисраъ аз ашъори шоирони муосир ва хориҷӣ ҳифз намуда, дар даври ниҳоии Озмун аз рӯйи номинатсияи ”Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик” мақоми аввалро касб намудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил