​Номи Тоҷикистонро сиёҳ накунед!

Вақтҳои охир берун аз кишвар гурӯҳи бадфикрон ташкил шудааст, ки онҳо Тоҷикистони азизамонро бо ҳар хела суханҳои бедалел ном сиёҳ мекунад ва байни ҷамъият фикрҳои ғаразнокро паҳн намуда, нооромиро дар кишвар пайдо карданӣ мешаванд. Ғайр аз ин, дар расонаҳои интернетӣ хабар ва мактубҳои гуногунро оид ба фаъолияти Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ҷой медиҳанд.

Лекин халқи тоҷик ба ин дасисагӯиҳо асло ҳамфикр намешавад. Зеро мо тоҷикони асил ба ояндаи дурахшони кишвари маҳбубамон боварии комил дорем. Чунки мо ҳамқадам, ҳамфикр ва ҳамзабони Пешвои миллати худ мебошем ва сиёсати хирадмандонаи ин марди бузургро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем.

Дар Паёми худ Президенти кишвари оид ба стратегияҳои кишвар суханронӣ менамоянд ва яке аз онҳо ин старегияи амнияти кишвар мебошад, ки он дар кишвари дар дараҷаи олӣ ба роҳ гузошта шудааст. Бо сарварии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)Саймумин Сатторович Ятимов дар минтақаҳои кишвар якчанд корҳои намоён ба сомон расонида шудаанд. Масъалан, ба танзим даровардани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Помирзамин маҳз бо кӯшишу ғайрати КДАМ ба даст оварда шуд.

Ба шахсоне, ки нисбати халқи тоҷик ва Тоҷикистон ақидаи ғараз доранд, гуфтанием: Аз дасисаҳои беасос худдорӣ намоед! Кишвари тоҷиконро номсиёҳ накунед!

Кафедраи забони олмонии донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ