Изҳороти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ
Ба номардиҳои мардон чӣ мегӯям-и изҳороти расмии Сардабири «Ахбор» андешаҳои худро чунин изҳор менамоем: Масалан дар сархати ҷумлаи аввали изҳороти «Ахбор» гуфтааст Сомонаи Ахбор ва ман, Мирзои Салимпур ҳамчун муассис ва сардабири ин сомона дар ҳафтаҳои охир таҳти як маъракаи густурдаи ҳамлаҳои ноҷавонмардона фишори равонӣ ва шантаж қарор гирифтем. Ин ҳамлаҳои номардона тавассути «фермаи ҷавоб» як ниҳоди таблиғотии иборат аз тролҳои марбут ба мақомоти амниятии Тоҷикистон амалӣ мешавад, ба фикри мо ба далел гуфта шудаанд.
Дар давом танҳо дар як гурӯҳи фейсбукии «Ахбори Тоҷикистон», ки минбари асосии ба «фермаи ҷавоб» табдил ёфтааст, дар тӯли як моҳи охир беш аз 200 мақолаву маводхои пур аз тӯҳмат ва дашномҳои фаҳшмишхоро бар зидди «Ахбор» ва шахсан худи ман нашр шудаанд агар ин ҳама бардурӯғ бошад. «Ахбор» раднома нависад, яъне мо қайд карданием, ки дар изҳороти «Ахбор» далелҳо аниқ набуда дар он эҳсосотианд ҳис карда мешавад. Ҳамин тавр изҳороти «Ахбор» дар худ бисёр нофаҳмиҳо дорад, ки равшаниро тақозо дорад.
Матбуот барои ҳамин аст, ки маълумоти аниқ исботшуда ва беэҳсосотро пешниҳод намояд ва ҳар як шахс онро мувофиқи ақлу фаросати худ бояд барои худ таҳлил намояд. Дар изҳороти «Ахбор» падидаи ақидаи худро ба дигарон боркардан дида мешавад, ки чунин амал ба матбуоти озод хос нест.