​Конститутсия-пойдевориТоҷикистони соҳибистиқлол

«Конститутсияи Тоҷикистон ба сифатисанади муқаддас бояд мавриди омўзиши дақиқи тамоми гурўҳҳо вакишрҳои ҷомеа қарор гирад ва мо насли ҷавонро бояд даррўҳияи эҳтиром ба он тарбия намоем. Омўзиши Конститутсия дар ҳамаи мақомоти давлатӣ,муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ мондпа шуда,барои тадбиқи он бояд тамоми воситаву имкониятҳо истифода шаванд». Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолвоқеан шоҳсутун ва шиносномаи давлатва халқи тоҷик, санади таърихию тақдирсоз ва таъйинкунандаисарнавишти ҳар хаглқу миллат ва давлат мебошад. Маҳз ба шарофати истиқлолияти сиёсии давлатии Тоҷикистон мустақил ва қабулиКонститутся бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид 25-солгарди Конститутсияи халқи тоҷик дар соли равон ба як воқеаи сиёсии давлати халқи тоҷик- дар маракаи бопешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар арафаиæашни 30-солагиисоҳибистиµлолияти Æумҳурии Тоæикистон зиёда аз 26 ҳазор объектҳои гуногун намуд ба истифода дода мешавад. Ба ҳамроҳи Президенти кишвар якҷоя қайд карда мешавад, ки ҳам ҳам бошад, амали гардидани яке аз самтҳои асосии Конститутсияи Тоҷикистон мебошад. Мо, тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба солгарди қабули Конститутсияси Тоҷикистон тайёрии ҳаматарафа дида, дар асоси шиори «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва ягона» амал карда истодаем. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги сиёсию таърихӣ истиқлолияти давлатӣ ноил шуд.

Эълон шудани соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти қабули шиносномаи миллат Конститутсияи Тоҷикистони мустақилро ба миён овард. [2, с.168]. Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз Иҷлосияи таърихию тақдирсози ХУ1 Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳҳои ноябр-декабри соли 1992 дар шаҳри қадимтарини халқи тоҷик, яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ш.Хуҷанд баргузор гардид оѓоз ёфт.

Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақиқатан ҳам аҳамияти таърихию байналмилалӣ дошта, дар он ҳокимияти қонунӣ барқарор ва пеши хунрезиҳои бемаънӣ гирифта шуд, дар ҳамин анҷумани таърихӣ пеши роҳи бардошташавии давлати халқи тоҷик аз харитаи сиёсии ҷаҳон гирифта шуд. Иҷлосияи сарнавиштсози миллат ҳукумати қонуниро интихоб карда, масъулияти бузурги давлатдорию низоми ҳокимиятро ба дўши фарзанди заҳматкаш ва бохиради миллат Эмомалӣ Раҳмон вогузор кард. Ичлосияи номбурда бо назардошти вазъи кишвар таѓйироту иловаҳо ба Конститутсия ворид намуд. Шакли идоракунии президентиро муваққатан бекор карда,ваколатҳои президенти мамлакат бар дўши Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вогузор шуд. хулоса, таҳия ва тартиб додани бевоситаи лоиҳаи Консттитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз ёфта, таҳти сарварии Сардори давлат ҳайати нави комиссияи конститутсионӣ тасдиқ карда шуд.[3, с.8.]

Консттитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мамлакат идома ёфтани ҷанги гражданӣ тартиб дода шуд ва қабул гардид соли 1994-ҳамчун Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Бо мақсади такмили лоиҳаи Конститутсия ва муҳокимаи мардум вогузор шуд ва аз ҷониби мутахассисони ҳуқукшинос, олимон, иқтисодичиён. сиёсатшиносон, таърихшиносон ва намояндагони гуногуни мардуми мамлакат зиёда аз якчанд ҳазор пешниҳоду таклифҳо ба комиссияи консттутсионӣ ирсол шуда, қисми асосии онҳо ба лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақил дохил гардид. Ба ҳамон маълум аст, ки Консттитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, бори нахуст низоми тозаи давлатдорӣ, принсиҳои таҷзияи ҳокимият ба се рукн – қонунгузор, иҷроия, суд васалоҳияти ҳар яки онҳо мушаххас гардид.

Дар давоми 25 соли тарккардаи давраи таърихи(1994 - 2019) дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ халқи тоҷик дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Ҳаёти худробе арзишҳои умумбашарӣ, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул шудаанд, тасаввур карданаметавонем. Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон рўҳу фалсафаи муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқиимардумр таѓйир дода. Арзишҳои умумбашариро бо дарназардошти хусусиятҳои миллии кишвар ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Дар заминаи он асосҳои ҳуқуқии низоми сиёсии ҷамъият ва муносибатҳои мутақобилаи миёни давлат ва шахс муқаррар гардиданд. Дар асоси КонститутсияТоҷикистон аъзои комилҳуқуқииСММ (1992) ва зиёда а 70 ташкилотҳои байцналҳалқӣ мебошад, ки онҳо дар асоси қонунҳои байналхалқӣ ва КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон дар қаламравии мамлакатамон фаъолияти пурсамар мебарад. Эълон намудани сиёсати дарҳои кушон ва минтақаи озодӣ иқтисодӣ дар Тоҷикистон бо мустаҳкам шудани муносибатҳои байналхалқии мамлакатамон ёрииамали мерасонад. Дар давраиҷашни Конститутсия обрў эътибори байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда, давлати соҳибистиқлолимонро 193 давлатҳои ҷаҳоншинохта, бо зиёда аз 180 мамлакатҳоидунё шартномаҳои гуногун баҳшида ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ измо карда шудааст, ки онҳо аҳамияти калони таърихи дорад.

Дар асоси ин ҳуҷҷати таърихи ва қонунҳои байналмилалӣ аз соли ба 2004 хукми қатл мароторий эълон карда шудааст ва барои он ҳам дар арсаи байналхалқӣ обрў эътибориТоҷикистон афзуда истодааст. Дар ин равандқабул шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогииТБС(ВТО), сиёсати дарҳои кушод ва ѓайра ҳам аҳамияти калони таърихӣ дорад. [4, с.6]

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давоми 25 соли ҷашни ҳамчунин доираи фаъолияти тамоми нерўҳои сиёсӣ – ҳизбҳо, иттиҳодияҳо, ҳаракатҳои халқӣ васозмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард. Барои ҳаматарафа инкишофи фаъолиятӣ онҳо қонун ва санадҳои асоси амалӣ қабул карда шудааст. ТибқиКонститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣдар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва манкуравӣ(приюализм) инкишоф меёбад. Гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ аз хусусияти демократии давлат ва озодии шахс бармеояд.

Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол алоҳида қайд кардашудааст, кидар ҷомеаи мо ягон мафкура, аз ҷумла мафкураи ҳизбӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳаракати халқӣ, динӣ, ҳаракат, гурўҳ ё шахсе ба ҳайси мафкураи давлатӣ ва ҳатмӣ эътироф карда намешавад. Тибқи принсинҳои гуногунандешии сиёсӣ дар соли 1991 дар мамлакатамон дар маҷмўъ 3 ҳизби сиёсӣ, 60 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта бошад ,дар соли 1994 -5 ҳизби сиёсӣ, зиёда аз 1000 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дар соли 2004 - 6 ҳизби сиёсӣ, 2200 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,ҳоло бошад 7ҳизби сиёсӣ, 3500 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳаракатҳои халқӣфаъолият мекунанд. Умуман тибқипринсипҳои гуногунандешии сиёсӣ дар мамлакати мо дар замони муосир ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ озодона фаъолият мекунанд.

Дар ҷомеаи халқи тоҷик ва тоҷикистониён дар давомиҷашни 25 соли Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар асоси хусусиятҳои сиёсиву иқдисодӣ ва фарҳангию ичтимоӣ воситаи нодири ризоияти миллӣ – Шўрои ҷамъиятӣ( с.1996) таъсис ёфтааст ва он барои таъмини мубодилаи афкори нерўҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ, барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории онҳо фаъолият намуда, ба ҳамаи аъзоён, яъни ҳизбу созмонҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки дар бобати масъалаҳои муҳимиҳаёти ҷомеа ва давлат табодули назар карда. Дар ҳалу фасли онҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ саҳм дошта бошанд. Мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол принсипи озодии виҷдон комилан риоя мешавад.

Баъзан бар баъзе масҷидҳо хутбаву мавъизахониҳо аз доираимуқаррароти қонунгузорӣ оид ба динберун баромада, ба тарѓибутаблиѓи идеологияву сиёсатҳои ифротгароёна роҳ мекушоянд ванатиҷаи он ба гуҷо мебарад хулоса намебароранд. Бо ин мақсад қайд карда шудааст, ки дар моддаи 30-юми Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол возеҳу равшан таъкид шудааст, ки «Таблиѓот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажотӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезад, манъ аст».[5, с.17].

Дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта боргашта такрор карда шудааст, ки дин ва муносибатҳои динии одамон кори хусусӣ мебошанд вачунин муносибатҳоро қонунҳо ва муқаррароти динии худи одамон ба танзим медароранд.Дар шароитиҳозираигеополитики ҷаҳон, бисъёр масъалаҳоиҳаётан зарур характери глбалӣ(ҷаҳонишавӣ)ро гирифтааст,тезу тун шудан ва инкишофи ояндаи чунин ихтилофот сабаби нооромӣ ва носуботии ҷомеа шавад ва амниятиҷамъиятҷикистон ва миллиро зери хатар гузорад. Дар баъзе ҳолатҳо бо ҳаракатҳоимасъалаҳои хусусии динӣ ташкили намози занҳо дар масҷидҳо, расму оинҳои динӣ-ақиқа,мавлудҳонӣ маҷбури, маракаву тўйҳои мардумиро ба маракаҳои динӣ табдил додан ва ѓайриҳо ташкил карда из ҳиссиётҳо ва ҳуқуқҳои динӣ як навъ суиистифода менамоянд,хулоса аз иборат, кидини муқаддасӣ исломроба дини расму оинҳо табдил дода, аз он расму оинҳо ба ѓаразҳои сиёсӣ ва ифротии баъзе гурўҳҳо истифода бурдан мумкин не. [6, с.9]. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тамомияти арзии мамлакат, муттаҳидӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя карда мешавад.

Дар давоми 25 соли ҷашниКонститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолдар арсаи байналхалқӣ мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ѓайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқ бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ муттаҳид якҷоя буда, ба муборизаи байналхалқӣтабдил ёфта истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар замони муосир созмонҳои террористӣ ва фаъолияти онҳо( воқеаҳои дар Афѓонистон, Покистон, Миср, Ливия, Сурия, Чечинистон, Украина, ИМА-11 сентбяри 2001 ва ѓайраҳо) барои башарият хатари ҷиддӣ ба миён оварда, мубориза бар зиддитерроризми байналмилалӣбарои ҷомеаи ҷаҳонӣба муаммоҳои ҷиддитарин табдил ёфтааст. [7, с.3].

Пойдевори давлати навини халқи тоҷик-Конститутсия аз рукнҳои асосии давлатдорӣ – асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, ҳокимияти маҳаллӣ, вилояти Мухтори Қўҳистони Бадахшон, суд, прокуратура, тартиби таѓйирёбии конститутсия иборат буда. дар асоси ҳуҷҷатҳои умумбашарӣ, қонститутсияҳои давлатҳои пешқадами ҷаҳонтакмил дода шудааст.

Дар давоми амалиёти Пойдевори давлати навини халқи тоҷик-Конститутсия дар ҳаёти кишварикўҳани мо таѓйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад: ташкил шудани комиссияи Оштии Миллӣ(1994) ва фаъолияти он, ба имзо расидани Созишномаи умумиии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), эълон намудани мароторий ба хукми қатл(аз с.2004), сиёсати дарҳои кушон, ташкили минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ,аъзо шудани баташкилотиумумҷаҳонӣ савдо(ВТО), таѓйир ёфтани шаклҳои моликият, ташкил ёфтани зиёда аз 1600 корхонаҳои муштарак(СП) ба мисоли «Ҷавонӣ», «ВТ-Силк», «САНТ», «Зарафшон» ва ѓайра мебошад. Барои ҳамин ҳам дар тайи солҳои сипаришуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол се маротиба (1999, 2003, 2016 ) таѓйироту иловаҳо ворид карда шуданд.[8, с.1]

Таѓйироту иловаҳо асосан ба масъалаҳои Маҷлиси Олӣ, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб, фаъолияту салоҳияти мақомати олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ, ташкили Пардаменти думаҷлиса-Маҷлиси Миллӣ ваМаҷлиси намояндагон (парлдаменти доимоамалкунандаи касбӣ), ҳизбҳои сиёсӣ, мукаммал намудани рукни ҳокимияти иҷроия, такмили нақш ва мақоми ҳокимияти судӣ, ҳуқуқи инсон ва ѓайраҳо тааллуқ дошта, мақсади асосии ин таѓйироту иловаҳо такмили минъбадаи низоми сиёсӣ ва давлатии мамлакат, аниқ гардонидани унсурҳои демократӣ дар ҷомеа, такмилитартиби таъминикафолатҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани асосҳои конститутсионӣ, инкишофи минбаъдаи иқтисодиёти озод ва соҳибкорӣ бо дарназардошти ба вуқўъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию маданӣ буд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қайд карда шудааст: «Инсон,ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд». Хулоса, дар Тоҷикистон диншиносии илмӣ бояд қисми такибии низоми таҳсилоти давлатӣ бошад. Суботи ҷамъият ва таҳкимёбии давлати демократию дунёвӣ, ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол гардад.[9, с.4].

Барои ҳамин Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии ТоҷикистонҶаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳо дода, чунинқайд намудааст: «Конститутсия воқеан шоҳсутун ва шиносномаидавлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад. Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид».

Тоҷикистон соҳиби қонститутсияи миллии худ гашт ва халқи он аввалин бордар таърих бо таъкид арза дошт, ки: «Мо, халқи Тоҷикистон... ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» ва худро«баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягона ҳокимияти давлатӣ» эътироф мекунем ва зимоми сарнавишти худро ба дасти худ гирифт. [10, с.2]

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсанади сарнавиштсоз низомидавлатдории соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро дар мамлакатамон муайян намудааст, ки тибқи он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳост ва агар мо қоил ҳастем, ки онҳо барои халқудавлати тоҷик арзиши таърихӣ ва тақдирсоз доранд, пас мо ба шахсиятиў низ ҳамин гунна сифатҳоро бояд қоил бошем, зеро ҳамчунон ки файласуфи оламшумул Волтер мегўяд: «Ҳеҷ чиз маро ба он ҳақиқати мутлақ шак оваронида наметавонад, ки ҳар чизи эҷодшуда далели гўёи эҷодкори худ мебошад».

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ