Хурдагирӣ ба хабарҳои АМИТ Ховар аз ҷониби наҳзатиён
Он ки сомонаҳо иҷтимоӣ дар замони ҷаҳонишавии иттилоотбасо фаъол гашта ба майдони фаррохи мубодилоти афкор табдил ёфтаанд, аз асари технологияи иттилоотию иртиботӣ буда, мавқеъ ва мақоми онҳо бо назардошти фарогириидоираи васеву фаъоли ашхоси рағбат ба иттилоот пайваста меафзояд. Он чун майдони мубодилоти афкор домонаи густурада дорад, ки аз он нерӯҳои гуногуни мухолифини ҳукумати кишвар, бахусус намояндагони ҲЭТ наҳзати ислом ба манфиатҳои худ васеъ истифода мекунанд.
Чанде пеш дар сомонаи интернетӣ маводи ҷавобии наҳзатиён ба ду хабари оҷосиии иттилоотии “Ховар” рӯи чоп омадааст, ки он хусусияти интиқодӣ дорад.
Муаллифи мавод маводи хабарҳои “Дар Туркия Симпозиуми байналмилалии “Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат” ва“Наҳзатиҳои босмачӣ дигар дар Туркия ҷойгоҳ надоранд” баррасӣ ва баҳогузорӣ намуда факту далелҳои дар онҳо чопшударо дуруғпоя номидааст. Мувофиқ ба барномаи ҳамоиш мавзӯи он “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат” мебошад. Ба андешаи муаллифи сомонаи иҷтимоӣ бо сабаби аз ҷониби Тоҷикистон ба ҳамоиш пӯшонидани ҷомаи сиёсӣ ҷониби Туркия розӣ нашудааст, ки ҳамоишсимпозиум дар ин кишвар тибқи нақшаи Тоҷикистон пешниҳоднамуда гузарад ва он вижагии байналмилалӣ ба худ гирад.
Дар хабар омадааст, ки дар кори симпозиум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара Маҳмадалӣ Раҷабиён, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк, мушовири Сафорати Тоҷикистон дар Анқара Парвиз Содиқӣ, маъмури Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Абдулвоҳид Ҳомидов ва раиси Анҷумаи тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов сухан гуфтанд.
Муаллифи наҳзатӣ хурдагирона эрод гирифтааст, ки чи хел ҳамоиши байналхалқӣ модоме, ки дар он ҳамагӣ як баромадкунанда хориҷӣ аст. Аслан дар қисмати муҳокимаи он шаҳрандони Туркия низ фаъол иштирок кардаанд Дигар ин ки ин ҳамоиш аввалин қадам дар ин ҷода аст, аз ин рӯ баъдан доираи фарогирии мавзӯъ ва ҷалби коршиносони хориҷӣ мукаммалтар мегардад.
Комилов К.И. кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума