​МО ҲАМА САР БА САР, ТАН БА ТАН РУСТАМЕМ!

Тибқи иттилои мавҷуда марзбонони Қирғизистон хатти марзи вилояти Бодканд бо ҷамоати Лаққони Исфараи Тоҷикистонро пештар бурда, бо истиқрори марзбонони мусаллаҳ дар як майдоне, ки қаблан қаламрави Тоҷикистон посгоҳ гузоштаанд.

Дар видеое, ки Иқбол Илёсзода, сухангӯи шаҳрдории Исфара дар Фейсбук нашр кардааст, марзбонони мусаллаҳи қирғиз дар як майдон дар байни деҳаи тоҷикнишин саф оростаанд. Иқбол Илёсзода ин амалро “иғвои навбатӣ” номидааст. Аммо ҷониби Қирғизистон сабаби ин иқдомашро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Аз ин маълумот фаҳмидан душвор нест, ки ҷониби Қирғизистон ҳадафи нопок ва мақсади муғризона дорад. Дар ҳар низое, ки дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон сар мезананд, он кӯчманчиёни тангчашму тангназар ва охирмабин сабабгори аслианд. Чаро қирғизҳо барои ангехтани низо дар сарҳад моиланд. Чаро ҳамеша гузашти моро сарафгандагӣ мо ва сарбаландии хеш медонад. Ва чаро қирғиз имрӯз шераку далер гаштааст? Ин саволест, ки ҷавоб мехоҳад.

Мардуми тоҷик медонад ва эҳсос менамояд, ки оқибати ин ҷанг ва низоъангезӣ ба чӣ мебарад ва кадом таълафоту пайомадро дорад. Охир ҷониби Қирғизистон як ба давлатҳое, ки ҷангзадаанд, нигоҳ намояд. Ҳеҷ не, таърихи худро ба хотир оварад: куҷо макон доштанд ва бар сабаби кадом омилҳо ба Осиёи Миёна мавқеъ гирифтанд.

Аминам, ки рӯзе ҷониби тангназари Қирғизистон аз ин рафтори иғвогарона ва ноҷавонмардона афсӯс мехӯрад ва ҳатман ҷавоби саҳеҳ ва нишонрасро мо хоҳем дод. Ҷанг роҳи ҳалли мушкилоти мо набуда ва ҳам нест. Агар нашаваду косаи сабри молро лабрезнамоянд, пас ҷавоби лоиқ хоҳем дод.

Агар бисёр иштиёқманди ҷанг доранд, таърихи моро варақгардон намоянд. Тоҷикдар таърихи инсоният баробари поягузори тамаддуну фарҳанг будан, лашкаркаши далеру ҷасур ва сафдару бебоку шерҷигар буда ва ҳаст. Садҳо Исфандиёр, Ораш, Сипитамон, Темурмалик, Шерак ва дигарҳо дар ин хоки муқаддас парвариш ёфтаву ёди пуршарафи худро бо корномаҳои меҳандӯстона ба ёдгор мондаанд. Агар дар таърих Рустами Достон дар танҳоӣ ба дили аҷнабиён ғулғула меандохт, имрӯз МО БАҲРИ ҲИМОЯИ ИН МАРЗУ БУМИ МУҚАДДАСИ НИЁГОН ҲАМА, САР БА САР, ТАН БА ТАН РУСТАМЕМ!!!

Ҷавонони зиндадил ва ғаюри кишвар омодаанд, ки баҳри дифои арзишҳои миллӣва марзу буми кишвар камар банданд ва иттиҳоди мо муждаовари пирӯзиву сарбаландиимо бар муқобили ҳар як душман ва бадбин аст.

Азизи Латиф, журналист, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ