Ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон
Шабнам Худойдодава ҳамчун «фаъоли ҳуқуқи башари тоҷик», дар гуфтгў ба пойгоҳи Кимиёи саодат қайд кардааст, ки баҳуқуқҳои кўдакон дар Тоҷикистон таваҷҷўҳдода намешавад ва гўё танҳо ин нафар ҳамчун ҳимоятчии ҳуқуқи кўдакон баромад менамояд. Аммо дар асл ин худ як тактикаи равияҳои ғайриқонунӣ ва ивғоангез мебошад, ки мехоҳанд бо истифода аз кўдакон ва меъёрҳои ҳуқуқӣ манфиатҳои ғаразнокӣ худро амалӣ созанд.
Масоили ҳуқуқи кўдаква таҳлилу баррасии он дар тамоми ҷаҳон ва Тоҷикистон яке аз мавзўъҳои асосӣ ба ҳисобмеравад. Дар ин раванд барои ҳимояи ҳуқуқи кўдакон тадбирҳои зиёдеҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам дар ҷумҳурӣ андешида шудааст. Аз ҷумла, қабули Конвенсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ гувоҳи он мебошанд.
Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдак воситаи асосии байналмиллалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми хуқуқи кўдакон дарҷ гаридааст. Конвенсия аз ҷониби Асамблеяи Генералии СММ дар таърихи 20 ноябри соли 1989 қабул гаридааст ва қариб дар тамоми давлатҳоидунё ба тавсиб расидаат ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳоикўдакон аҳамиятиҷиддӣ медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдакро соли 1993 ба тавсибрасонд ва ўҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия қайд шуда, ба зима гирифт. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак яке аз аввалинконвенсияҳое мебошад, киҶумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст оварданиистиқлолияти давлатӣба тавсиб расонид ва ўҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурухшони кишвар нишон дод. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд кўдак ба шумор меравад. Бештар аз 30 дар сади аҳолии Тоҷикистонро кўдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои Ҷумҳурӣ захираҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд, бинобар ин давлат барои муҳайё намудани шароитҳои беҳтарин барои кўдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад. Мувофиқиталаботҳои пешниҳоди ҳисоботи давлатӣ аз рўи Конвенсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ду гузориши қаблии худро ба Комитети СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдак пешниҳод намудааст. Гузориши якум соли 2000-ум ва гузориши дуюм соли 2010-ум аз ҷониби Комитет мавриди баҳс қарор гирифт. Меъёрҳо ва принсипҳои дар Конвенсия зикргардида танҳо ҳамон вақт воқеӣ мешаванд, ки агар нисбати онҳо эҳтиром гузошта шавад – дар оила, дар мактаб ва дигар муассисаҳо барои кўдакон, дар ҷомеа ва дар тамоми сатҳи мудирият.
Ғайр аз санадҳои байналмиллалӣ имрўз дар ҷумҳурӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонзерсанадҳое аз қабили Кодекси оила қабул карда шудааст, ки дар асоси он ҳуқуқҳои кўдакон аз ҷониби давлат ва ташкилотҳои иҷтимоӣ химоя ва ҳифз карда мешаванд. Давлат ва ҳокимияти маҳаллӣ барои амалӣ кардани қарору санадҳоиҳуқуқӣ нисбати кўдакон талошҳои зиёд дорад.
Чунончӣдар моддаи 55-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мавзўи «Ҳуқуқи кўдак барои зиндагӣ ва тарбия дар оила » чунин қайд карда шудааст: 1. Кўдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба сини ҳаждаҳсолагӣ (ба сини балоғат) нарасидаааст.
2. Ҳар кўдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Қўдак ба ғамхориии падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад.
Дар сурати набудани падару модар, аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани онҳо ва дар ҳолатҳои дигари аз даст додани васояти падару модар, ҳуқуқи кўдак барои тарбия дар оила мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи боби 18 –и ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти васояту парастори таъмин карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қўдакон ва ҳуқуқҳои онҳо дар асоси меъёрҳои байналхалқӣ ва санадҳои хуқуқии кишвар ҳимоя карда мешаванд. Давлат ва ташкилотҳои иҷтимоӣ барои ҳимояи ҳуқуқи кўдак фаъолияти худро равона кардаанд. Аз ҷумла дармоддаи 57-уми кодекси оила дар бораи ҳуқуқи кўдак ба ҳимоя чунин омадааст:
- Кўдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кўдакро падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳоипешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парасторӣ, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд (КҶТ аз 26.12.11с.,№791).
- Кўдакҳуқуқ дорад аз сўиистифодаипадару модар (шахсони ивазкунандаи онҳо) ҳифз карда шавад.
Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кўдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро намудани ўҳдадориҳо аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) оид батарбияю таълими кўдак ё сўиистифода аз ҳуқуқҳои падару модари кўдак ҳуқуқ дорад ба мақоми васоят ва парасторӣ ва пас аз расидан ба синнӣ чордаҳсолагӣ ҷиҳати ҳимоя аз ҷониби онҳо ба суд муроҷиат кунад. (КҶТ аз 26.12.11с., №791).
Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва дигар шаҳрвандоне, ки азтаҳдид ба ҳаёт ё саломатии кўдак ё поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кўдак дар оилаогоҳи пайдо мекунанд, вазифадоранд дар ин хусус ба мақоми васояту парастории маҳали воқеии истиқомати кўдак маълумот диҳанд. Ҳангоми гирифтани чунин маълумот мақоми васояту парастори маҳали воқеии истиқоматии кўдак маълумот диҳанд.Ҳангоми гирфтани чунин маълумотмақоми васояту парасторӣ вазифадор аст барои ҳифзиҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кўдак чораҳои зарурӣ андешад.
Мақоми васояту парастори ҳуқуқ доранд, дар ҳолати зарурӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ба оилаҳое, кидар онҳо зиндаги кардани кўдакон ба ҳаёту саломатии онҳо хатарнок аст, бемонеа ворид шаванд. (КҶТ аз 14.11.16с. №1365).
Мутобиқи банди 57 1 Кўдакҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гунна масъалаҳои оилавӣ, киба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад. Ба инобат гирифтанификри кўдаки аз сини даҳсола боло ҳатмӣмебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва ё парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризояти кўдаки аз сини даҳсолаболо қарор қабул намояд.
2.Муассисаҳои таълимии томактабӣ ва муассисаҳоа таълимии таҳсилоти умумӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияхои ҷамъиятӣ ва падару модар бояд барои озодона изҳор намудани фикри кўдак дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд (КҶТ аз 14.11.16 с., №1365).
Ҳамаи ин меъёрҳои ҳуқуқӣ аз он далолат медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кўдакон ва ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби давлат, ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва оила ҳимоя ва ҳифз карда мешаванд. Ҳуқумати ҷумҳурӣ барои беҳтар кардани шароитҳои таълиму тарбия ва сатҳи иҷтимои кўдакон чораҳои зарурӣ андешида аст.Аммо имрўзҳо гурўҳи шахсоне мисли Шабнам Худойдодава берун аз кишвар қарор гирифта, сухан дар бораи ҳимояи кўдаконмезананд, ҳол он ки онҳо худ меъёрҳои конститутсионӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқиро риоя накарда,онро барои амалисозии нақшаҳои нопоки худ ва пайравонашон истифода мебаранд.
Шарипова М.- омўзгори кафедраи
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ