​Ваҳдати миллӣ омили созандаву устувори иттиҳоди миллати тоҷик аст

Чанд сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳаётан муҳими ифротгароӣ дар муборизаи беамон қарор дорад ва дар силсилаи асноди расмӣ, рисолаву мақолаҳо, гузоришу суханрониҳо ва мулоқотҳои сатҳи байналми­лаливу дохилии Пешвои миллати тоҷик масъалаи мубориза ба ифротгароӣ мавқеи устувор ва ҷиддӣ пайдо кардааст. Дар ин санадҳои муҳим оид ба мавқеи кишвар дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳифзи сулҳ ва амнияти минтақа, масоили ҳалталаби ифротгароӣ, экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ хеле ҷиддӣ ва усулӣ сухан ба миён гузошта шудааст. Аз ҷумла, дар ин робита вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон ва як қатор давлатҳои дигар – Ироқу Сурия ва Яман низ дар чашмандози Пешвои миллии мо ҳамчун фишанги мубориза бо амали ифротгароӣ борҳо мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Мушоҳидаҳои Пешвои миллат имрӯз ба равшанӣ ин натиҷаро ба зеҳни мо мерасонад, ки ба миллати тоҷик ифротандешиву ифротгароӣ ҳаргиз хос набуду нест. Аз ин сабаб, ба созмону иттиҳодияҳои ифротию тундгаро пайвастани иддае аз ҷавонон маҳсули сатҳи пасти маърифати сиёсӣ, заъфи худшиносии миллӣ ва ноогоҳии динист, ки пушаймонӣ ба бор хоҳад оварду халос.

Аз асари арзишманди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ба ин бардошти муҳим бармехӯрем: «Тоҷикон, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ бисёр давраҳои печидаву мушкилро пушти сар кардаанд, дар ҳамаи давру замон аз таҳаммулгароӣ ва маслиҳату муколама кор гирифта, борҳо собит сохтаанд, ки бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоту низоъҳо ва ба ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбиниву ақидаҳои мухталиф метавонад на танҳо сабабгори фасоди ахлоқ ва халалдор гардидани фарҳангу тамаддунҳо, балки шикасти давлатҳо низ гардад».

Ин гуна арзёбиҳо ва натиҷагириҳо кишвари моро ба андешидани силсилаи чорабиниҳои муҳиме водоштанд. Аз ҷумла, конфронси илмии байналмила­лии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аҳамияти мубрами ин мавзӯъро бори дигар дар чашми аҳли башар ва ҷомеаҳои башарӣ ба таври равшан ошкор кард. Ин тадбири муфид ҳамкории кишварҳоро дар тамоми сохторҳо ва соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мусбат арзёбӣ карда, ҷонибдори ростин ва ҳавасманди беминнати густариши равобити гуногун­ҷанбаи сиёсӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исбот гардид.

Суханронии Пешвои миллат дар ин конфронс барномаи яклухт ва томравои роҳи рушди раҳоӣ аз бӯҳрони ифротгароӣ маҳсуб ёфта, дар он бо таҳлилу нақд ва баррасии вазъи ногувори ифротгароӣ дар ҷомеаҳои башарӣ масъалаи дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа пурзӯр шудани ҳамкории шарикӣ бо мақсади таъмини сулҳу субот ва амнияти фарогир ба воситаи андешидану чорасоз кардани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо чун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок хеле муҳим арзёбӣ шудааст. Дар ин суханронӣ «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир…, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ» ба шумор омадааст.2

Дар ин суханронӣ силсилаи масоили мубраме, аз қабили мавриди хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъ қарор гирифтани мардуми сайёра, ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфтани зуҳуроти ифротгароӣ ва оқибати фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву маънавии он, пурзӯр кардани ҳамкориву шарикӣ дар таъмини суботу амнияти фарогир бо назардошти андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо чун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок, нақши калидии созмонҳои байналмилалӣ дар вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни ифротгароӣ, асоси муборизаи муштарак бо ифротгароӣ қарор гирифтани Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба набард алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои Амният ва Маҷмаи Умумӣ ва даҳҳо дигар нуктаҳо бо диди хос баррасӣ шудаанд.

Дар кори конфронс Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар ширкат дошт ва дар мавзӯи муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез суханронии ҷолиби таваҷҷӯҳе ироа кард. Ин суханронӣ хеле усулӣ буда, бо бардошт аз равандҳои ҷомеаи башарӣ ироа шудааст. Суханрон дар баррасии мавзӯи мазкур ба паҳлӯҳои хеле ҷолиби таваҷҷӯҳ ишора намуда, бори дигар нақши Тоҷикистонро дар ҳаллу фасл ва тадбирҷӯии ин қазия муҳиму мондагор арзёбӣ кард. Мавсуф қаблан ҷомеаҳои ҷаҳониро аз таҳдиди ифротгароӣ ва аҳамияти хоси байналмилалии мубориза бар зидди он ҳушдор дод: «Афзоиши таҳдиди ин вирус ба ҳаёт ва арзишҳои мо чунон аст, ки ин ҷамъомад қариб дар тамоми ҷаҳон муҳим маҳсуб мешавад».

Сипас гузоришгари Ҳиндустон аз нақши калидии кишвари мо дар ҳалли ин қазияи ҳаётан муҳим ишора кард: «Тоҷикистон бомуваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи терроризмро барҳам дод ва ин корро дар даврае, ки яке аз даҳсолаҳои хатарноктарин мешуморам, ба анҷом расонид».

Номбурда бо қоил шудани баҳои баланд ба мақоми кишвари мо ва эътирофи мавқеи байналмилалии он дар қазияи ифротгароӣ ҷанбаҳои мухталифи мавзӯъ, омилҳои паҳншавии ифротгароӣ ва дасти пурқуввати қувваҳои тавонмандро дар устувор шудани пояҳои ифротгароии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ карда, аз ҷумла ин хулосаро ба мо расонид: «Манфиатҳои пурқувват, ки аксар вақт аз ҷониби давлат пуштибонӣ меёфтанд, барои омӯзишҳо ва гурӯҳҳое ба монанди «Толибон», «Ал-Қоида» ва филиалҳо, барои паҳн кардани бесарусомонӣ дар минтақаҳои мавриди ҳадаф сафарбар карда мешуданд. Тоҷикистон, ки бо чолиши худ рӯ ба рӯ шуда буд, ба ном Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки миёни он ҳизби наҳзат буд, истило кард. Мо бояд маънои ин дастовардро эътироф ва дарк намоем. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро, ки метавонист тамоми Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳри Каспию Сиёҳ ва Левантеву Ироқ мепайваст, гирифт. Ман нозукписанд нестам. Таърих моро сабақи ҷиддӣ меомӯзад: вақте ки ягон чизе ғалат меравад, метавонад аз назорат барояд».5

Аз он ҷо, ки вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон равиши Тоҷикистонро дар ин ҷодаи хавфовар бидуни ғалату иштибоҳ ба шумор оварда, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, «қудрати қувваҳои амниятии ӯ ва рӯҳияи мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда, ки талафоти зиёд диданд», табрик менамояд.

Сиёсатмадори Ҳиндустон ба сифати равандшиноси воқеии моҳияти равандҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони дирӯз ва имрӯз бо нигоҳи ҷиддӣ ва бо такя ба таҷрибаҳои ҷангҳои пешин ба мушкилоти аз байн бурдани муноқишаҳо ишора карда, таъсири манфии пайдоиши гурӯҳҳои нави пешоҳанг ва муташаккилро ба ҷомеаи башар гӯшрас намуд: «Гирдбоди ин муноқишаи ҷаҳонӣ Афғонистон, ки мардуми он ҳамарӯза далерии қаҳрамонона дар воқеаи баъди ҳодисаҳои доимӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна онҳо бо душмане, ки аз ҷониби роҳбаронашон дастгирӣ ва паноҳгоҳ меёбанд, дар муборизаҳои беамон мубориза мебаранд, боқӣ мемонад. Дунё бояд касонеро ҷонибдорӣ намояд, ки бо хуни худ онро муҳофизат мекунанд».

Нуктаи дигар дар назариёти Ҷаноби Шрӣ М. Ҷ. Акбар таснифоти ҷанбаи сегона дар чигунагии ҷанги дарозмуддат ва мушкилоти ҳаллу фасли муаммоҳои терроризм хеле ҷолиби диққатанд ва дар ҳалли қазия ба тамоми кишварҳо муфиду созгоранд. Аз ҷумла, дар шарҳи ҷанбаи аввал барҳақ сафарбар шудани хадамоти амнияти ҳар ҳукумати ҳуқуқбунёд дар ин самт ба ҳадди қобил таъкид шудааст. Ҷанбаи дувумро мунаққиди дурбини сиёсӣ нозуктар аз ҳама дониста, онро «майдони ҷанг дар шуур» таъбир мекунад, ки «дар он тухми ифротгаро шудан бо инкори зиёд аз ҷониби шахсони ба гумроҳӣ оваранда, ки худро чун роҳбар мешуморанд, кошта мешавад». Аз ин рӯ, таҳлилгар қотеона тақозо дорад, ки «бояд ба ин ҷонибдорони миссияҳои худкушӣ ва ҳимоятгарони бесарусомонӣ бо далерии эътиқодамон ҷавоб диҳем. Канорагирӣ, гузашт ва ҳатто овози паст танҳо терроризмро бардурӯғ сафед мекунанд».

Мақомдори соҳибназари ҳукумати Ҳиндустон ба равшан кардани ин нукта даст ёфт, ки «кишвари мо ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит чун ташкилоти террористӣ манъ кард». Ин қарори Тоҷикистон, бидуни шубҳа, «вокуниши диалектикӣ» муаррифӣ шуд. Аз ин нуқтаи назар номбурда мафҳуми «наҳзат»-ро ҳам сохтаву пардохта медонад ва ҳамчун мусулмон, ки ба таваллуди Ислом бовар дорад, тавлиди ҳизби наҳзатро аз Худованд ва наҳзати қалбакиро кору хаёли мардуми гумроҳ ба шумор меоварад: «Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд. Худованд Исломро ба эътимоди плюрализм табдил дод… роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд».

Дар шарҳи ҷанбаи севуми қазияи ифротгароӣ, ки ба авомили иқтисодӣ марбут аст, нуктаҳои боз ҳам ҷолибтар пеш гузошта шудаанд. Мавсуф ба ниёзҳо ва кӯшишҳои ҷавонон аз диди равонтаҳлилӣ таваҷҷӯҳ мекунад ва ин хулосаро ба мо мерасонад, ки «кӯшиши марказии ҷавонон дар асри 21 некӯаҳволии баробар мебошад. Агар баробарии иқтисодӣ набошад, бояд ҳадди ақал адолати иқтисодӣ бошад. Ин ҷавоби дақиқ ба радикализатсия аст». Дар ин изҳори назар моҳияти суханони сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модиро ҷой ёфтааст, ки мегӯяд: «Якҷо мемонем ва якҷо рушд мекунем»9.

Ҳамин тавр, дар бардошти сиёсатмадори ҳиндӣ таҷрибаи кории Тоҷикистон дар заминаи муқовимат алайҳи ифротгароии хушунатомез хеле ҷолиби диққат аст ва тибқи ин бардошт тарроҳони тоҷикистонии модели муқовимат «дар фикру рафтори худ равшании намунавӣ нишон доданд». Чунон ки дида мешавад, пешниҳодҳои вазири давлатии корҳои хориҷии кишвари Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар амали нобуд кардани «терроризми фаросарҳадӣ» хеле муҳиманд…

Аз таҳлили ин мавод ба натиҷаи зиёде метавон расид. Аз ҷумла, фарзандони ифротрав бояд ба тамомияти фикрии мардуми Тоҷикистон, ободии қаламрави тоҷикон, тинҷиву осоиши мардум ва болорафти тадриҷии сатҳи зиндагии онон эътимоди қавӣ намоянд. Инҳо бояд тобу тавони созандагиро шеваи аслӣ ва амри зарурии пешрафти тадриҷии кишвар ба шумор оваранд.

Ваҳдати миллӣ омили созандаву устувори иттиҳоди миллати тоҷик аст, ки бо баҳрамандӣ ва шинохти арзишҳои куллии ҷаҳонӣ фароҳам меояд. Ваҳдат ҳамеша ва дар ҳар маврид таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ боқӣ монда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистқилол бояд мусоидат кунад. Имрӯз эҳсоси амиқи ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ дар шуури тоҷик маъво ёфтааст, аз ин рӯ, бояд созиш, созандагӣ ва ободкорӣ ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҳар як ватанпарвари асил қарор гирад, ки дастовардҳояш бо суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ иртиботи хос дорад. Ҳаргиз мумкин нест, ки бо пайвастан ба ифротгарӣ ва ифротгароён ба ҷомеаҳои башарӣ мо ранги хираи худамонро намоён кунем. Ба назари мо, ин амал шармандагӣ дар назди наслҳои оянда аст. Талоши беҳадаф чизе нахоҳад дод, ҳаргиз ба обрӯи миллӣ нахоҳад афзуд!...

Зуҳуроти фарҳанги баландпоя ҳамеша бо Ватан будан аст. Дарки асли масъала ва дарёфти калиди ҳаллу фасли солими муаммои сангину пурихтилофи ифротгароӣ дар чорчӯбаи қонунҳои кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба шароити замониву маконӣ боз ҳам ҳарчи бештар моро дар як марҳалаи хоси ҳамфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа қарор хоҳад дод…

СУБҲОНИ АЪЗАМЗОД, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ