​Шукргузорӣ даврони истиқлол бошем!

Дар даврони Истиқлолият дар Тоҷикистон дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. Таъсири тағироти сиёсӣ, аз қабили бисёрҳизбӣ, озодандешӣ, парлумони касбӣ, интихоботи алтернативӣ ва ғайра дар ташаккули афкору маърифати сиёсии мардум нақшихосагузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба таври мунтазам ба минтақаҳои гуногуни кишварамон сафар карда,ба дастовардҳо шинос шуда барои боз ҳам вусъат додани ободониву созандагӣ дар ин минтақаҳо фикру андешаи худро баён менамоянд. Аз ҷумла дар сафари ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон рафтаашон бо дастовардҳои дар муддати 27 соли истиқлолият шиносгардида якчанд иншоотҳои навро мавриди истифода қарор доданд. Имрўз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳои буҳтониро нисбати мамлакатамон паҳн намуда истодаанд. Он пешравиҳое, ки дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва умуман дар ҷумҳуриамон дар давоми 27 соли соҳибистиқлоли шудааст,дар давоми 75 соли Иттифоқи шўравӣ нашуда буд. Дар муддати кутоҳ дар ин вилоят 155 муассисаи таълимӣ барои 35 ҳазор ҷои нишаст, 93 муассисаи табобатӣ, 120 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ сохта ба истифода додашудааст ва даҳҳо иншоотҳои нав ба нақша ворид карда шудааст. Оё ин ободкориву созандагӣ баҳри беҳбудии халқ нест? Мо бояд ҳама шукргузорӣ аз он кунем, ки дар саросари кишварамон оромиву осоиштагӣ танинандоз аст. Махсусан ҷавононе, ки дар давраи истиқлолият ба дунё омадаанд ва азобу шиканҷаҳое, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ буд надидаанд. Ваҳдати миллӣ бо осонӣ ба даст наомадааст. Мо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ва, алалхусус, ҷавонон фирефтаи чанд гурӯҳҳои ҷиноятпеша нашавем. Мақсаду мароми онҳо яктоаст, ин ҳам бошад бо воситаи терроризму экстремизм вайрон кардани тинҷиву оромии Ватани азизамон мебошад. Аз ин лиҳоз, тамоми мардуми тоҷику тоҷикистониёнро даъват ба амал меорам, ки ба қадри сулҳу ваҳдат, тинҷиву оромии кишвари биҳиштосоямон расем. Аз ҷавонон даъват ба амал меорам ҳар шахсе, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд қарзи муқаддаси хеш ва ҳимояи Ватанро фаромӯш созад. Агар сарзамини хешро худи мо ҳимоя накунем, пас Ватан – модарро кӣ ҳимоя мекунад!

Айни ҳол шахсоне ёфт мешаванд, ки дар байни ҷавонон тафриқаандозӣ намуда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, то ҷавонон аз ҳимояи Ватани хеш худдорӣ намоянд, ки ин ба фоидаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша мебошад.

Ҳар шаҳрванде ба ин гуна ҳодисаҳо даст мезанад, бояд дар хотир дошта бошад ва шукрона кунад, ки имрўз давлати соҳибистиқлол дорем ва дар ин муддати кўтоҳ чӣ қадар ободониву созандагӣ шуд. Барои ба чунин рӯзҳо расидан миллати тоҷик чӣ қадар азият диду ранҷ кашид. Бояд ба ҳар яки мо истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллат бошад.

Ин неъмати бузург ба Тоҷикистони азиз, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадият овард.

Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати баруманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркӯш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд ва нахоҳанд расид. Зеро ин миллати бузургро марди дунёдида, чаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Пешвои Муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз муҳтарам Эмомалӣ Рахмон роҳбаладӣ мекунад.

Маҳз бо заҳмати ин марди бузург,тоҷикони ҷаҳон бо ҳам омад ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.

Чӣ қадар кӯшиши ба иғво андохтанро кунанд ҳам имрўз шуури мардум аз ҷиҳати фаҳмиш ва таҳлилу хулосабарориҳо хеле пеш рафтааст. Дигар фирефта намешаванд, чунонки халқ мегўяд: «кўр асояшро як бор гум мекунад».

Охунова Муҳаббат Собирҷоновна-сармуаллимаи кафедраи фаннҳои табиӣ Коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ