Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, ки ТЭТ ҲНИ-ро аз ҳар ҷиҳат пуштибонӣ намояд.. Бояд қайд кард, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб манъ шуда аст. Роҳбари ин ҳаракати тундгарову экстремисти Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати худ дар чорабиниҳои САҲА таҷрибаи бузурги хоиниву фуруши миллати хеш, афкори экстремистии худро муаррифӣ намояд.
Ҳар сол агар шумо дар ҷаласаи САҲА чун ангушти шашум иштирок мекунед ва обрӯи миллатро ба хости хориҷиҳо мерезонед, пас касе шуморо танқид мекунад, аъзои фабрикаи ҷавоб мебошад. Пас мо ҳама аъзои «фабрикаи ҷавобем». Агар аз хати Устод Айнӣ ҳифозат мекунем ва босмачиро душмани ин марзу бум медонем, пас мо ҳама аъзои фабрикаем.
Агар сари иштироки наҳзат дар САҲА як ду сухан гуфта шавад, равост иқрор шуд, ки намояндагони ҳукумат бо як омодагии сазовор ба ин мулоқотҳо мераванд ва мушти обдори маънавӣ бар чеҳраи ношустаи наҳзат мезананд. Ин як аксиома ва ҳақиқати мутлақ аст, ки ҳизбе ки ҷойгоҳи дохилӣ надорад, пойгоҳи мардумӣ надорад, ҳеҷ вақт тарафи музокира қарор нахоҳад гирифт. Наҳзат дар Аврупо нест, вохӯрӣ бо муҳоҷироне доир мегардад, ки ба кундзеҳнии ақл тарки Ватан кардаанд.
Ҳамагон медонанд ва ба ҳеч кас пӯшида нест, ки ҷомеи Тоҷикистон мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз он ҷумла бекорӣ ва ифротгароии динӣ дорад. Аммо барои як инсони солимақл фаҳмост, ки ислоҳу тағйири ҷомеа кори якшаба нест. Барои ин вақт ва барномаи мушаххаси рушд лозим аст. Талаботе, ки ТЭТ ҲНИ дар ҷаласаҳои САҲА ҳар сол пеш мегузоранд, на дар доираи вақти муайян аст ва на дар заминаи барномаи рушд. Шахс ё гурӯҳе, ки ин ду талабот, яъне вақт ва барномаро сарфи назар мекунад, бо чӣ роҳи дигаре метавонад вазъиятро тағйир диҳад ва мушкилиҳои мавҷудаи ҷомеаро ислоҳ созад?