Кудакон бояд кудакии беғашӣ кунанд, на ин ки ҷанг
Вақте, аз кирдорҳои яке аз падару модари гумроҳгашта Ҳошимов Наҷмиддин Ёкубҷонович, соли таваллудаш 1980 аъзои ТТЭ ҲНИ ва ҳамсараш Алиева Муноҷот Акбаровна, соли таваллудаш 1985, ки зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Тағояк, деҳаи Тағояк бо хабар гардидем бори дигар нисбати то чӣ андоза зишткорона будани амалҳоиҲНИ ангушти ҳайрат газидем. То чӣ андоза ин њизби хонасуз мағз андар мағзи ҷони баъзе аз ашхосон мисли Ҳошимов Н. ҷо гирифтааст, ки то ҳатто фарзандони ҷигарбанди хурдсолро ба дохили оташи ҷанги беамон сӯзу гудоз додаанд. Абдулло Ҳошимови хурдакак, ки ҳанӯз 11 сола мебошад, дар натиҷаи гумроҳиву бесаводии падараш аз ду по ва аз хушиҳои беғаши кудакона маҳрум гардидааст. Чӣ хеле, ки худи ӯ нақл намудааст кудаки бечора аз синни 2-3 солагӣ дар майдони ҷангу дар манзилҳои ба ҷанг тайёрнамоӣ рафтаву тарзҳои истифодабарии яроқу аслиҳаи ҷангиро омӯхтааст. Ваќте ки чунин суханонро аз кудаки 11 сола мешунавем бешубҳа лаънат бар ингуна падару модар ва хоҷагони хориҷии ингуна ашхосон мехонем, ки то чӣ андоза худобехабар гардидаанд.
Хушбахтона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз аз солҳои 90-уми асри гузашта кӯшиш ба харҷ додаанд ва медиҳанд, ки то ҳар як Тоҷикистонӣ ба Ватан баргардонида шавад. Маҳз ҳамин ғамхориҳои Ҷаноби Олӣ аст, ки Ҳошимов Абдулло соли таваллудаш 2008, Ҳошимова Раҳимахон, соли таваллудаш 2010, Ҳошимова Ҷамила, соли 2013 ва боз даҳҳо кудакони тоҷик ба ватан баргардонида шуданд. Ин амали хайрхохона аз муҳаббати беандозаи Ҳукумати мамлакат бо сарварииПешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат Ҷаноби олӣ Эмомалии Раҳмон шаҳодатмедиҳад.
Вақте, ки аз ин гуна амалҳои ашхосони гумроҳшудаву ба пулу моли хоҷагони хориҷӣ фирефта шуда бар ивази пулу мол фарзандони ҷигарбандашонро ғарқи ҷаҳаннам мегардонанд бохабар мегардем, бар ҳизби ҲНТ лаънат мехонем ва пайваста муборизи он ҳастем, ки ҷамъият аз ин гуна ашхосон тоза бошад.
Устодони кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Мӯҳсинов