Тавбафармоён тавба камтар мекунанд
Маҳлагароиву маҳалпарастӣ аз зумраи дардҳоест, ки гирифторони он дар доираи маҳдуди худхоҳиву худбинӣ қарор гирифта, намояндагони дигар манотиқро бо чашми кам мебинанд ва аниқтар, мехоҳанд ҳамаи дастоварду комёбиҳо бо номи онҳову ҳаммаҳлҳояшон рақам бихўрад. Зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки маҳалгароӣ мисли бутест, ки як гурўҳ инсонҳо онро дар зеҳни худ ба вуҷуд оварда, парастиш мекунанд.
Баъзе нафароне ҳастанд, ки ба ин бемории вазнин нохудогоҳ гирифтор гардида, аз мубтало шудани хеш ғофиланд ва дигаронро насиҳат мекунанд, ки боэҳтиёт бошанд. Маҳз Ҳофизи бузург дар шаъни ин тоифа гуфтааст, ки «тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд». Далели ин гуфтаҳо метавон навиштаи Зафари Сўфиро дар шабакаи иҷтимоии facebook оид ба маҳалгароӣ зикр намуд, ки дар зоҳир бар зидди ин падидаи манфур нигаронида шуда, аммо дар асл таълифи ин гуна мақолаи фитнаангез худ айни маҳалгароист. Вақте ки ин мақолаи муҳтарам Зафари Сўфиро мутолиа намудам, зарбулмасали машҳури арбӣ ба ёдам расид - «Ҳар ки чизеро дўст медорад, бештар онро зикр мекунад». Кас ба ҳайрат меафтад, ки ин муаллифи муҳтарам маҳалгароиро ба наҷосат шабоҳат дода, нохудогоҳ худ ба он ғўтавар шудааст ва ҳамаи шабакаҳои иҷтимоиро бо ин олудагии худ ифлосу гандида карда истодааст.
Саропои ин навишта пур аз андешаҳои мутазод буда, яке дигареро инкор мекунанд. Вақте менависад, ки «Бояд бидонед, ки маҳалли ман Тоҷикистон аст ва ман аз ҳар гӯшаи ин кишвари азиз ҳастам», ҷойи шакку тардид нест, ки ў воқеан тоҷикистонӣ аст, аммо чун мегўяд, ки «…агар аз истифодаву сӯи стифодаи бархе ашхосу гурӯҳ аз номи Кӯлоб ва кӯлобӣ мегӯям, ба ҳеч ваҷҳ аз диди маҳалгароӣ (?) набудаву нест».
Бародари гиромӣ! Вақет мегўӣ, ки манзурам аз Кўлобу кўлобӣ маҳалгароӣ нест, пас чист? Агар маҳалгароӣ нест, пас чаро аз ҷобаҷогузории кадрҳо дар Исфара ва аз Кўлоб будани онҳо ин қадар бо нигарониву «дилсўзӣ» суҳбат мекунӣ!? Дуруст мегўянд, ки ҳар кас дар зери сухани худ хуфтааст, ҳарчад дар суханвариву сухангустарӣ моҳир бошад ҳам, мисли он бўйи баде, ки пинҳон карданаш хеле душвор аст, чеҳраи воқеии муаллифи он тазоҳур мекунад, ки мо далелашро дар навиштаи Зафари Сўфӣ дар бораи маҳалгароӣ мушоҳида намудем.
Дар охир гуфтанӣ хастам, ки вақте муҳтарам Зафари Сўфӣ худро аз ҳамаи ҷои Тоҷикистони азиз медонад, яъне ҳақ дорад дар ҳар гўшаву канори ин сарзамини биҳиштӣ кору зиндагӣ кунад, чаро аз фаъолият намудани як нафар кўлобӣ (намедонам то кадом андоза ин «тадқиқоташ» асоси воқеӣ дорад) ин қадар нигарон аст? Магар беҳтар нест, ки ҷойи дунболи ин гуна масъалаҳои пуч гаштан, дар фикри ободи Ватан бошем ва агар дар роҳи ҳалли мушкилоте табаҳҳур дорем бародарвору оинасон бо ҳам бигўем, на мисли шона аз қафо бо сад забон.
Ҳар кас метавонад паси компютер нишаста камбудиҳоро ба ҳамаи ҷаҳониён бозгў кунад ва фаъолияти дилхоҳ касро ба зери тозиёнаи танқид гирад. Аммо чӣ нафъ бар маллату давлат? Агар воқеан доноӣ ва кореро ба гунаи шоиста метавони анҷом диҳӣ, биё дар канори ҳам бошем ва неруи зеҳнии худро баҳри зиндагии шоистатар равонан созем, на барои дар зери нохун чирк ҷустан.
Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ