​Пешгирии ифротгароӣ

Мо бояд бубинем, ки манъи ҳиҷоб ва ҳиҷобгарӣ ба сатҳи фаҳмиш ва менталитети миллии тоҷикон мувофиқу муносиб аст ва мубоҳисон то чӣ андоза доираи диққати қишрҳои мухталифи ҷомеа ба ин ваҳму воҳимаҳо кашиданӣ шудаанд. Баҳсҳо бар ин бовар вомедоранд, ки то ҳадде мумкин ва зарурӣ аз фикри ихтилофандозони имрўз дар масъалаи ба ангеза овардани раъйи мардум оид ба ҳиҷоб дурӣ ҷўем! Ба назари муносиби ҷомеа бояд дар кишвари мо ҳар амал тибқи ниёзҳову тақозои қонунҳои дохилии зисту зиндагии он ва бо назардошти таърихи анъанаву русуми миллӣ, аз ҳама муҳим, аз диди менталитети хоси тоҷикӣ мавриди гуфтугў ва татбиқ қарор гирад.

Касе ки ба хотири манъи ҳиҷоб худро таҳқиршуда меҳисобад ва тарки ватан мекунад, на ба манфиати кишвар ҳаст, на ба манфиати шахсии инсон, на посух ба менталитети миллӣ. Аз ин рў, амали мазкурро боиси мавҷи нави муҳоҷират ба шумор овардан маънии аз нав ангеза додани мардум ба сўйи ноамнию ноосоиштагӣ дораду халос.

Ҳадафи аслӣ аз назари усулӣ пешгирии ифротгароӣ дар ҷомеа аст, агар ин нигарониро дар робита ба ҳиҷобпўшии занон ба андеша гирем, мақсади аслӣ пешгирии андешаи ифротӣ ва ифротгароии ҳиҷобпўшон мебошад. Чун дар кишвари тоҷикон масъалаи мубориза бо экстремизми сиёсиву динӣ ба қазияи рақами як табдил ёфтааст, манъи ҳиҷобпўшӣ ҳам бо ин амр хоҳу нохоҳ бастагии комиле пайдо мекунад. Давлат ба ҳиҷоб бо мақсади мубориза бо экстремизми динӣ мухолифат дорад. Амнияти давлат шояд хуб собит кардааст, ки дар паси ҳиҷобпўшии аксари занону духтарон амри харобкориву ғайрандешии сиёсиву иҷтимоӣ низ нуҳуфта буда метавонад. Албатта андешаи носолими сиёсӣ дар ғайриҳиҷобиён низ ҳаст, аммо давлати мо бо мубориза бар зидди ҳиҷобу ҳиҷобиён аввал аз ҳама барои ҳамвор кардани андешаву афкори носолими ҷомеа қадами собит гузоштанист, ки хеле муҳим мебошад. Аз ин ҷиҳат, фикр мекунам, албатта ниҳодҳои давлати мо ба ин нукта хуб сар фаро овардаанд, ки ҳиҷоб дар гузашта ҷузъи фарҳанги исломӣ буда, аммо барои тоҷикон ин навъ либос аз лузумоти фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад. Ин андеша ҳаргиз арзиши фарҳанг ва тамаддуни арабиро, ки асрҳои аср мағзу қишри фарҳанги моро дар бар гирифтааст, инкор нахоҳад кард...

Мо – тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пўшиши миллии худ, амри либоспўшии миллии тоҷикиро дорем, ки бар пояи назокатшиносии асли тоҷиконаи худамон такябояд кунем.

Факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ