Факултети таърих ва ҳуқуқ: Оғози таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ
Санаи 4-уми феврали соли 2019 дар толори факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ конференсияи илмӣ – амалӣ бахшида ба оғози таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳи аз ҷониби декани факултети мазкур номзади илмҳои таърих дотсент Ҷабборов И.Рсуръат гирифт.
Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултет номзади илмҳои таърих дотсент, Маҳмудов О.Р ва мушовирон, методистипедагог, методисти психолог дар мавзӯъҳои “Вазифаҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ”, “Ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ”суханрони намуда, дар роҳи пурпечутобу пурмашаққати омӯзгорӣ барои таҷрибаомӯзон роҳи сафед, пур аз муваффақиятҳову музаффариятҳоро нисорашон карданд.
Таҷрибаомӯзӣ барои мо донишҷӯён барои дар оянда омӯзгор шудан як замимаест, ки он донишҳоиомӯхтаи хешро дар амал татбиқ намуда, роҳҳои дурусти муошират бо хонандагонро меомӯзем.Ҳамчунин аз назария ба амалия гузаштан гарчанде, ки моро ҳаяҷону як ҳиссиёти дигаре фаро гирифта истода бошад ҳам, таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ бароям муҳим аст. Гуфтанд ҳамсӯҳбатам Мустафоқулов Бахтовар, донишҷӯи бахши чоруми факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ.
Ҷ.Махкамов – аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”