​Ҷавонон ва мавқеи онҳо дар амният, субот ва таҳкими давлатдории тоҷикон

“Ҷавонӣ манзилест, ки мобайни масофаи кўдакӣ ва пирӣ воқеъ гардидааст. Айёми салтанату комёбӣ дар он замон мегузарад. Ҷавонӣ ситораест, ки танҳо як маротиба дар осмони умр тулўъ мекунад. Ҷавонон ниҳоли кўчаке ба ҳисоб мераванд, ки бо сабзидани ин ниҳолҳо ояндаи кишвари мо сарсабзу хуррам мегардад” .

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан ҳам қувваи пешбарандаи ҳар халқу миллат ҷавонон мебошанд. Қариб 70 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бевосита мавқеи онҳо дар амният, сулҳу субот ва таҳкими давлатдории тоҷикон назаррас арзёбӣ мегардад.

Таърих гувоҳ аст, ки мо тоҷикон аз ибтидо чандин ҷангу ҷидолу хунрезиро дар майдони ҳарбу зарб гузаронидем. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони мо соҳибистиқлол эълон карда шуд. Аммо баъди эълон шудани Истиқлолият дар дохили кишвар низоъҳои дохиливу сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ оѓоз шуд. Ҷанг рўз аз рўз авҷ гирифта вазъият хело ҳам муташанниҷ шуда буд. Мардуми тоҷик гурезаи давлатҳои ҳамсояву берун аз он шуданд. Зиёда аз 1 млн. нафар аҳолӣ ҷумҳуриро тарк намуданд. Умеди боварӣ ба фардои миллат намонда буд. Аз гуфтаҳои таърихшинос Усмонҷон Ѓаффоров бармеояд, ки мегўяд: “Он солҳои мудҳишу вазнинро аз хотир ҳеҷ намебарорам, зеро мардум чунон дар тарсу ҳарос ва азият кашида аз гуруснагиву ташнагӣ буданд, ки чашмам ба кўдаке афтод, ки синаи модарашро чунон мемакид, ки модар аз гуруснагиву азоб аллакай вафот карда буд, локин ба ҷои шири модараш ў хуни модарашро мемакид. Магар ин ҳодиса ивазнину таъсирбахш нест?”

Давлат қариб буд, ки аз байн равад. Касе ҷуръати ба сари қудрат омаданро надошт. Маҷлису ҷаласаву гуфтушуниду сўҳбатҳои зиёде баргузор мешуд, ки натиҷа намедод. Баъдан вакилони мардумиву маҳаллӣ ба чунин хулоса омаданд, ки бояд Шўрои навбатӣ дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанди ҳамонвақта гузаронида шавад,зеро ин макон нисбати дигар минтақаҳои кишвар оромтар буд. Дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ва интихоб намудани раиси Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмони ҷавон барои мардуми тоҷик бахту иқболу равшаниву нуру зиёро овард. Чунонки гуфта буд: “ Ман ба ҳамаи Шумоён сулҳ меоварам, ҳамаи гурезагонро ба Ватан бармегардонам, то он даме , ки як нафар тоҷики гуреза ба Ватан барнагардад, ман худро орому осуда ҳис намекунам, Ҳатто барои кишварам то ҷояш ояд, ҷонамро фидо менамоям.

Ватан, эй қиблаву меҳроби ишқам,

Бишав бедор аз бонги азонам.

Аз рўзҳои аввалини корӣ, аз суханрониҳои аввалин аён шуд, ки ин шахсият гарчанд ки ҷавон бошад ҳам мардуми тоҷикро ба ҳам овард. Ба дили мардум умеди боварӣ ба фардои нек ҷой гирифт.

Сарвари ҷавону қавииродаву ватанпарасту хештаншинос тавонист дар як муддати кўтоҳ дар мамлакат оромиву осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, якдиливу якзабониро биёварад. Чунон ки худ борҳо қайд мекунанд: “Бояд ҳамаи мо бо дасту дили пок Ватанамонро обод кунем, дўст дорем, бунёд намоем, хизмат кунем.”

Корнамоииин шахсияти таърихӣ, Қаҳрамони халқи тоҷик, Пешвои миллати тоҷик барои ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ, алахусус барои мо ҷавонон намунаи ибрат буда, мавқеи як нафар ҷавон дар амният, сулҳу субот ва таҳкими давлатдории тоҷиконро нишон медиҳад. Воқеан имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои озоду мустақилу соҳибистиқлол аз тарафи 196 давлати ҷаҳон эътироф шудааст. Сулҳи пойдоре, ки дар Тоҷикистон бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст аз тарафи СММ пешниҳод карда шудааст, ки ин сулҳи тоҷикон омўхта шуда ва аз таҷрибаи он истифода бурда шавад.

Боиси ифтихору сарбаландии ҳамаи мардуми Тоҷикистон мебошад, ки соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон дар қатори кишварҳои амнтарин эътироф шуд.

Аз ин рў, танҳо барои сулҳу субот. Корнамоиву қаҳрамониҳо ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат дар самти пойдории Истиқлолияти комил ва эҳёи Тоҷикистон барои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватани азизи худ метавон Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат номид. Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияту давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудоинопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошад. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд. Ҷавононе, ки воқеан Ватани худро дўст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаиҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кўшишу талош намоянд. Дар ин робита тарбияи ватандўстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Бахти ман андар канорат пойдор аст, Тоҷикистон,

Чор фасли сол дар ту навбаҳор аст, Тоҷикистон.

Аз қудуми дўстиву сулҳу Истиқлолу Ваҳдат,

Ҳар кафи хокат базебу файзбор аст, Тоҷикистон.

ХОҶАЕВА М.М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ