Факултети филологияи рус: Ҷавонон ва мубориза
Давоми солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи ифротиён қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор мардуми осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк карданд. Пешгирии чунин ҳадафи амалҳои харобкоронаи ифротиён ва моил нашудани ҷавонони имрўза ба онҳо вазифари ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Дирӯз дар факултети филологияи рус бо ҳамин мақсад дар байни донишҷӯён озмун таҳти унвони “Саҳми ҷавонон дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм” баргузор гардид.
Озмуни мазкур аз рӯи шартҳои “Эссеи беҳтарин” ва “Иншои беҳтарин” дар мавзўи “Саҳми ҷавонон дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм” ташкил ва гузаронида шуд.
Мақсади асосии ташкили чунин озмун, ҷалби ҷавонон ба масъалаҳои мубрами вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани салоҳияти ҷавонон бар зидди чунин ғояҳо, ташкили тафаккури мантиқии донишҷў, бедор намудани вазифаи шахрвандиву миллӣ, ватанпарастивў ватандўстӣ ва баёни озодонаи донишҷўён мебошад.
Дар озмун ҳамагӣ 46 нафар донишҷў иштирок карда, маводҳои худро пешниҳод намуданд, ки аз рӯйи натиҷаҳои он аъзоёни ҳакамон ғолибонро муайян хоҳанд кард.
Маркази иттилоот ва таҳлил