Сомонаи иғвоангез
Мирзои Салимпурсомонаи хусусӣ кушода бо суханҳои бемантиқ ва хабарҳои дурӯғ байни мардум фитна андохта, ба зеҳни мардум зарба мезанад. Айни замон ӯ дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия кору фаъолият дорад. Мирзои Салимпурзодаи ноҳияи Ҳисор буда, дар онҷо ба воя расидааст ва хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон мебошад. Дар нашрияҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Адолат” ва “Чароғи Рӯз”, радиои “Озодӣ” фаъолият кардааст. Аммо ҳоло Мирзои Салимпур худ ва Ватани худро бо қимати андаке ба хориҷиён фурӯхт. Ин тоифаро метавон зархарид ё ватанфурӯш унвон кард.
Мирзои Салимпур сомонае кушод бо номи “Ахбор ком”, ки ин сомона штати корӣ надошта, матлабҳоро аз дигар васоити ахбори омма дастрас намуда, сипас дар сомонаи иғвоангези худ “ Ахбор ком” бознашр менамояд. Мирзои Салимпур бо хабар ва гузоришҳои фитнаангез ҳамеша алайҳи ватани худ садо баланд намуда, давлат ва миллати худро таҳқир мекунад ва барои ин кораш аз ҷониби хоҷагони хориҷияш дастгирӣ меёбад. Ӯ метавонист омада, дар ватани худ фаъолияти рӯзноманигорияшро давом диҳад, аммо чуноне гуфтем барои пулу мансаб шуда, ҳатто номуси худро фурӯхт.Вазифаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интаъмини амният, субот ва оромӣ дар Тоҷикистон аст ва ин вазифаи бевоситаашро КДАМ иҷро карда истодааст. Мирзои Салимпур туҳмат ба кормандони расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонмекунад.Аммо чи хеле, ки мо медонем, Мирзои Салимпур худаш ҳам қонун ва ҳам тамоми меъёрҳои ахлоқии миллии моро зери пой карда, ба шӯрандозӣ, душмансозӣ, туҳматбофӣ ва дурӯғпароканӣ машғул аст!
Ҳамин тавр, Мирзои Салимпур бо сомонаи худ “Ахбор ком” гуё шуҳрати худро ҷаҳонӣ намуда, худро ба ҷаҳониён мешиносонад. Ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, дигар тамоми ҷаҳон ӯро мешиносанд медонанд, ки ӯ як хиёнаткор ва ватанфурӯш аст. Аз Ватани худ фирор намуда дар мулки бегона, барои бегонагон кор мекунад.
Юнусова Г.С., дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷа