​Нооромӣ ва харобкории гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Коктоши ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон то кай?

Бино ба иттиллои Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АМИТ «Ховар» шоми 9-уми январи соли 2020 гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд, дар назди хонаи як сокини ҳамин маҳалла ва назди бинои шуъбаи минтақавии корҳои дохилии Коктош ҷамъ омада, барои аз роҳи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара гузаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон монеа эҷод кардаанд. Афзун ба ин, тахминан соати 21:30 дақиқа гуруҳи мазкур автомошинаи сабукрави сокини деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара Аъзамов Зафарро сангборон карда, оинаи онро шикастаанд. Ҷавобан ба ин амал тахминан соати 00.10 дақиқа сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг задаанд. Агарчи ин воқеа дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби намояндагони ШВКД-2 шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШВКД ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти назорат гирифта шуд, тахминан соати 02:00 дақиқаи 10-уми январи соли 2020, сокинони маҳаллаи Коктош барои боз ҳам ноором кардани вазъият бо истифода аз силоҳи оташфишонӣ ба ҳаво тир холӣ карда, тахминан соати 04:00 бо истифода аз камони шикорӣ ба ҷониби автомошинаи шахсии корманди ШВКД-2 шаҳри Исфара Икромзода Фарҳод тир холӣ намудаанд, ки дар натиҷа он тир ба дари автомошина бархӯрда, ба ронанда зараре нарасонидааст.

Бинобар иттиллои манбаъҳои мазкур вақтҳои охир аз тарафи шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон ба ҷуз яроқи оташнишонӣ истифодаи камони шикорӣ ба маротиб афзуда ва дар натиҷа санаи 29-уми декабри соли 2019 сокини деҳаи Сомониён Сафарова Т. ҳадафи тири камони шикории онон қарор гирифтааст.

Омӯзгорон ва кормандони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ҳамаи ин амалҳои ноҷавонмардонаи гуруҳи мазкури сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистонро маҳкум намуда, умед ба он доранд, ки мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя ҷиҳати ҳарчи зудтар ором намудани вазъият ва минбаъд пешгирӣ намудани ин гуна амалҳо чораҳои амалӣ хоҳанд андешид.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ