Ганҷ магир, китоб гир!
Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба китобу китобхонӣ дар кафедраи забони олмонии факултети забонҳои хориҷии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти унвони ''Ганҷ магир, китоб гир!'' чорабинии илмӣ баргузор гашт.
Дар меҳвари мубодилаи афкори устодон ва донишҷӯён мавзӯи нақши китоб дар ташаккули шахсият қарор гирифта, таъкидгардид, ки қироати китоб баҳри инкишофи қобилияти эҷодӣ, ғанӣ гардидани захираи луғавӣ, тақвияти ҳофиза ва маънавиёти инсон заминаи мусоид фароҳам месозад.
Мавриди ба зикр аст, ки чорабинӣ бахшида ба ҳафтаи илм ташкил ва гузаронида шуда, ҳадаф аз ин баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни болаёқат, сайқал додани маҳорати эҷодӣ, ташаккули қобилияти зеҳнӣ, инчунин тарбия намудан дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Китоб маҳзани умеду орзу, ганҷинаи ақлу дониш ва раҳнамо ба олами донишҳост. Китоб оинаест, ки мо дар он ҳусну баёни зиндагӣ, роҳи хато ва дурусти худро мебинем. Китоб беҳтарин ва нодиртарин муъҷизаест, ки мо метавонем бо он олами маънавии хешро бою ғанӣ гардонем. Китоб калиди илму дониш аст ва моро ба баландтарин зинаҳои мақсуд, инсофу одамият мебарад ва ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
Маркази иттилоот ва таҳлил