Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки Кабирию ҳаммаслакони ӯ, ки хоини миллати тоҷик ҳастанд дар баромадҳояшон нисбати халқи тоҷик ҳар гуна сару садоҳои беасосро паҳн карда истодаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳиллаю найранги Кабирӣ мақсади сафед кардани худу пайравонаш мебошад. Нисбати давлату ҳукумат аз дур истода ҳар гуна гапҳои подарҳаво мегӯяд ва сиёсату иҷтисодиёти миллати тоҷикро паст мезанад. Ин хоинони миллат дар Ватан ба камол расидаву нону намаки миллатро хӯрда имрӯз бошад ба Ватани худ хиёнат мекунанд. Шаъну шарафи миллатро паст мезананд. Ин нохалафҳо ба ҳар гуна дасисабозиҳо ва бо суханҳои дурӯғу бемаъниашон миллати тоҷикро назди башар шарманда карданӣ ҳастанд. Аз эътикоди динии мардум истифода бурда, тавассути ХНИ мехоҳанд ба кишвару халқи тоҷик нооромӣ оранд.

Вақте солҳои 1992 то соли 2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасисаи ҲНИ ҳодисаи даҳшатангез рух дод, садҳо ҳазор нафар одамони бегуноҳ ҷони худро аз сабаби каҷрафтории ин хоинони миллат бохтанд. Ана, ҳамин сабаби ҷанги бародаркуш ва ҳамаи он бесарусомониҳо ХНИ буд , ки имрӯз низ мехоҳанд ҷомеъаи рушдкардаистодаи моро халалдор созанд. Ин хоинони миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопокашон нахоҳанд расид. Зеро бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар кишвари азизу маҳбуби мо пешравиҳои зиёд ба назар расида истодааст. Ва ҳар яки мо огоҳу ҳушёр бошем, ки дигарбора ин хоинони миллат Ватани тинҷу ороми моро халалдор насозанд. Нақшаи баде, ки ин хоинони миллат доранд ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт. Беҳуда нагуфтаанд, ки"бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд ".

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ