Изҳороти устодони кафедраи таърихи умумӣ
Намояндагони ТТЭ ҲНИ бо истифода аз усулҳои террористӣ ва экстримистӣ бо ҳар баҳона мехоҳанд, мақсадҳои нопоки худро дар кишварамон амалӣ созанд. Тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, адабиётҳои мазмуни иғвогарона дошта, мехоҳанд байни ҷомеаи Тоҷикистон низоъ андозанд.
Ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 давом дошт, боиси кушта шудани даҳҳо ҳазор нафар сокинони осоишта, гуреза шудани садҳо ҳазор нафар аҳолии мамлакат, ба харобазор табдил ёфтани шаҳру деҳоти Тоҷикистон гашт. Ташкилкунандаи асосии он ҷанг маҳз ТТЭ ҲНИ буд. Роҳбарияти он вақтаи кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири хотима бахшидан ба ҷанги хонумонсўз ба фаъолияти осоиштаи ҲНИ розигӣ доданд. Аммо наҳзатиён аз содир кардани ҷиноятҳои сангини террористӣ даст накашидаанд. Мисоли равшани он кўшиши гузаронидани табаддулоти ҳарбӣ аз ҷониби аъзоёни ҲНИ дар таърихи 4 сентябри соли 2015 мебошад. Дар натиҷаи ин амалиёти террористӣ ҷавонони бо нангу номуси тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худро доштаанд, ба ҳалокат расонида шуданд.
Вазифаи мо омўзгорон аз он иборат аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватанпарастӣ, накўкорӣ, шукр намудан аз имкониятҳои васеи замони осоишта тарбия намоем. Мо бояд мақсадҳои аслии ташкилотҳои террористиро, ки зидди манфиатҳои ҷомеаи мо мебошанд, ба шогирдон фаҳмонида тавонем.