Семинари иттилоотӣ оид ба пешгирии зӯроварии ҷинсӣ
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба пешгирии зӯроварии ҷинсӣ ҷамъомад доир гашт.
Дар он сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, Хуршедахон Хоҷазода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марҳабо Олимӣ, муовини сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаррух Раупов, раиси Шӯрои машваратии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд, Шуҷоат Ҳасанова,сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Муяссара Қаҳҳорӣ, сардори маркази занон “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд, Сабоҳатхон Бобоҷонова, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Аюбҷон Усмонов ва доираи васеи устодону донишҷӯён ширкат карданд.
Дар оғоз сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, Хуршедахон Хоҷазода сухан карда, иброз дошт, ки ҷаласа бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, нақшаи амалии “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, ва ба ин васила, омода намудани ҷавонписарону ҷавондухтарон ба ҳаёти оилавӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, пойдориву мустаҳкамии оилаҳо, тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, ободонию бунёдкорӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ ва дигар падидаҳо роҳандозӣ гардид.
Сипас, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марҳабо Олимӣ оид ба масъалаҳои зӯроварӣ нисбати занону духтарон, намудҳои зӯроварӣ, мақсадҳои таълифи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ, ҳуқуқи зану мард дар ҷамъият баёни андеша кард.
Дар идома, муовини сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаррух Раупов оид ба масъалаи навъҳои зӯроварӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик ва пешгирии он ҳарф зад.
Маърӯзаи навбатӣ аз тарафираиси Шӯрои машваратии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд Шуҷоат Ҳасанова ироа гашт, ки он ба роҳҳои пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон ва саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин раванд ихтисос дода шуда буд.
Роҳбари Маркази занон “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд, Сабоҳатхон Бобоҷонова ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, Муяссара Қаҳҳорӣ оид ба мавзӯи зӯроварии шаҳвонӣ ибрози назар доштанд.
Ҳамчунин, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, Усмонов Аюбҷон доир ба унсурҳои оиладорӣ, аз қабили тарбияи эҳтироми байниҳамдигарӣ дар оила, донистани вазифаю ӯҳдадориҳои ҳар як узви хонавода, нигоҳ доштани одоби муошират ва дигар ҷанбаҳои масъала баромад дошт.
Баъдан дар мавзӯи зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон навори тарбиявӣ намоиш дода шуд.
Макарзи иттилоот ва таҳлил