​Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад......

Дар ибтидои асри ХХI инсоният ба хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гардидааст, ки номи он “Терроризми байналмиллалӣ” мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имруза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оќибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйирӣ сохти кониститутсионӣ дар мамлакат ғабси хокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Терроризим содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари маргро ба миён меоварад. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амали месозад. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшад ва ноумедӣ афкандан аст.

Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон иброз намуданд. “Терроризми ватан, забон, нажод ва дин надорад, Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.

Бинобар ин инсоният дар симои терроризими байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният руй намегардонад. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳи ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоят.

Мусалам аст, ки доир ба авзои ноороми кишвари дӯсту ҳамсоя исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳӣ ҳалли низомӣ надорад ва фақат воставу фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонад калиди ҳалли масоили печидаи он бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари сиёсатофарандаи худ Роҳбари давлат Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иҷтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми лаҳзаҳои ҳасостарини ҷомеаи имрузаи ҷаҳони пайваста дастгири ҷомеаи Афғонистон мебошад ва барои барқарор кардани сулҳу ороми дар ин сарзамин доимо даст ба ёри дорад ва дар тамоми лаҳзаҳо кушиш дорад, ки нигоҳи ҷомеаи ҷаҳониро, доир ба масъалаҳои истиқрори сулҳу оромӣ дар ин сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъалаи том дастгири менамояд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ