Вохӯрӣ бо донишҷӯёни факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус
Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худогоҳии миллӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва шиносоӣ бо вазъи таҳсилу фаъолият, санаи 10-уми августи соли 2019 тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус вохӯрии судманд бо донишҷӯён доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Эҳсон Наврӯзов суханронӣ намуда, доир ба дастгириву ғамхории давлату Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ибрози андеша кард. Таъкид шуд, ки Пешвои миллат бо ифтихормандӣ аз насли ҷавони замони истиқлол ба савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқи онҳо баҳои сазовор додаанд, ки ин ташаббус аз мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ, хоса ҷавонон масъулияти дучандро тақозо менамояд. Ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа вазифадоранд, ки бо истифода аз имконияти замони муосир дониши худро баланд бардоранд, онро дар амал татбиқ созанд ва барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон саҳм гузоранд.
Иштироки фаъолона дар дарсҳо ва корҳои ҷамъиятӣ, риояи фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиботи дохилии донишгоҳ, эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашарӣ, тарғиби ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар чорабинӣ мавриди фаҳмонидадиҳӣ қарор гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил