“Хар ҳамону тӯқум дигар аст”
Номи Илҳом Ёқубов роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо буда, барои аксарият шинос мебошад. Варзишгар буд ва баъдан ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайваст, роҳбари бахши суғдии ҳизби номбурда гардид. Дар яке аз баромадьо эълон кард, ки гуё аз ҳизб даст кашидааст ва дар навор иқрор гашта буд, ки роҳи интихобнамудаи ҳизби наҳзат нодуруст аст. Аммо ин суханонаш тамоман барои раҳгум занондан, барои дар тасаввуроти мардум худашро ислоҳшуда нишон додан будаасту халос.
Аз ҳамон суханрониҳо, аз тарзи баёнаш маълум буд, ки ба ӯ мураббиёни сиёсӣ аз хориҷи кишвар дарс додаанд. Аммо гоҳо ҳангоми суханронӣ аз саволҳои ногаҳонӣ ҳарос ҳам мекашид. Политтехнологҳои хориҷӣ ба Илҳом Ёқубов ва дигар суханварони ҳизбашон роҳҳои муборизаи сиёсӣ ва ба даст овардани дилу овози интихобкунандагонро омӯзонида буданд ва ба қавле нафароне мисли Илҳом Ёқубов «омодагии хуби сиёсӣ» дида буданд. Ҳарчанд аз технологияҳои муосири сиёсӣ истифода карданд, баҳсҳои фаровони пешазинтихоботӣ гузарониданд, аммо овози даркориро соҳиб шуда натавонистанд.
Баъди гузашти интихобот чанд муддат Илҳом Ёқубов дар зери пардаи пинҳонӣ буд ва боз ба саҳнаи сиёсат пайдо шуд ва ин навбат ӯ ҳамчун роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо муаррифӣ гардид. Асотсиатсияи номбурда узви Паймони миллии Тоҷикистон аст. Паймони номбурда бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият мебарад.
Аз гуфтаи Кабирӣ Илҳом Ёқубов, Саидюнуси Истаравшанӣ, Азим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва чанд нафари дигар муборизон ҳастанд. Аммо муборизиашон ба фоидаи худашон аст на ба фоидаи миллат. Инҳо хоинонанд, ки раҳгумзадаву дур аз ватан мондаанд.
Вақте кас суханрониҳои ин нафаронро дар гирдиҳамоиҳо ва ё маҷлисҳо мешунавад, ба чунин хулоса меояд, ки онҳо лухтакҳоеянд, ки дар дасти дигарон аст. Пешакӣ онҳоро омода мекунанд, аммо устодонашон ҳам хориҷӣ мебошанд.
Илҳом Ёқубов ҳам дар саҳнаи сиёсат ҳамчун сурат асту бас, ки таноби ҳаракоташ дар дасти дигарон аст.
Ниқоби Илҳом Ёқубов бо барномаи кории «ҳизби наҳзат» камтар фаъолият бурд, шароит дигар гашт ва барномаи ӯро ба роҳбарии Ассотсиатсия иваз карданд.
Дарин ҳолат мақоли халқӣ ба хотир мерасад, ки “Хар ҳамону тӯқум дигар аст”