​Таассуроти устодони кафедраи грамматикаи забони арабӣ аз суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш

Имсол мулоқоти анъанавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузоргардид. Дар он ҷо Президенти кишвар баромад намуда, ҳамагонро бо ин рӯз муборакбод намуданд ва ин донишкадаро дар охир ба Академия табдил доданд.

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш бисёр ҳам таъсирбахшу пурмӯҳтаво буд. Устодони кафедра аз ин суханронӣ бардоштҳои зиёде карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки донишҷӯёнро дар руҳияи ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Инчунин, ба ин муносибат, омӯзгорону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, устодону толибилмони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, кулли кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва сокинони мамлакатро самимона табрик намуданд.
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас дошта, хатмкардагони он дар риштаи илми кишварамон фидокорона заҳмат кашида, ба Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда истодаанд.
Дар охири асри бист ва оғози асри бистуяк сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, одамрабоӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи вобаста ба он, бемориҳои сироятӣ, шиддат гирифтани раванди аз нав тақсим кардани дунё барои ба даст даровардани захираҳои табиӣ аз ҷониби абарқудратҳо ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардид.
Чунин вазъи мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи илму тафаккури ҷомеа аҳамияти хосса зоҳир намоем.
Халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд.
Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дарси сулҳ оғоз мегардад.
Аз ин рӯ, бахусус, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд.
Ҳамзамон бо ин, аз ақлу хирад ва сабру таҳаммули миллати куҳанбунёдамон ифтихору шукрона мекунем, ки маҳз ба шарофати иродаи қавии мардуми шарифи кишвар давлати ҷавони тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидем.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сулҳи тоҷикон дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши муассир гузошт ва раванди миллатсозиву давлатсозиро дар мамлакат тавсеа бахшид.
Аз ин лиҳоз, ҳангоми дарси сулҳ омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳамият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд.
Фарзандони мо бояд хуб дарк намоянд, ки омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар танҳо дар сурати пойдории сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имконпазир мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ