Ваҳдат – асоси пешрафти ҷомеа
Ҳамасола ҷомеаи солим вапешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлолбо ифтихор аз дастовардҳо ҷашниВаҳдати миллӣ, яъне рӯзи баимзорасии Созишномаи ризояти миллӣ ва истиқрори сулҳро таҷлил менамоянд, ки имсол ба ин санаи муборак 22 сол шудааст. Огоҳӣ аз таърихи бастани созишнома байни Ҳукумати қонунӣ ва мухолифин ҳушдор медиҳад, ки ин ҳуҷҷат дар ҷараёни тӯлонии талошҳо ва муноқишаҳо рӯи кор омадааст. Дар таърихи башарият бори аввал ҷанги шаҳрвандии дохили мамлакати алоҳидатавассути раванди сулҳҷӯёна бе дахолати ҷониби сеюм ҳаллу фасл гардидааст, ки аввало гувоҳии соҳибтамаддун ва маданияти қадимаи миллати тоҷик буда, баъдан аз садоқати роҳбарияти олии кишвар ба қасами худ шаҳодат медиҳад.
Таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ солҳои охир хеле бошукӯҳ ва хотирмон таҷлил гардад ҳам, инамалрохӯрдагирию ҳарзагӯии наҳзатиёни хиёнатпешакаме бошад ҳам коста мегардонад. Нафароне, ки баъд аз қабули Созишнома натавонистанд бо сабаби бесидқу бевафоӣ, бевиҷдонию номардӣ ва дигар хислатҳои ношоиста меъёрҳои онро риоянамоянд, имрӯзҳо даъвои гуногунро байниҷаҳониён паҳн менамоянд. Эҳтимол меравад, ки истифодаи мақоли халқӣ “Ҳам ғарию ҳам сарҳангӣ”, кинисбати ҳайвоноти хонагӣ маъмул аст, нисбати чунин нафарон низ равост. Зеро, ин тоифаи ватангадоён ба имзои роҳбари худ дар Созишнома хиёнат карда ҳангоми расидан ба мақсадҳои ба истилоҳи “30 фоиза” танҳо аз пайи ҷамъи маблағу сарват буданд ва натавонистанд, ки ба халқи худ хизмати шоиста намоянд. Ин ҳолат дар организми палиди онҳо хислати муғризӣ ва бахилиро нисбати дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бедор кардаасту бо кинагирӣ ва адовати ҳайвонӣ ба тарафи Ватани аҷдодиашон сангпартоӣ мекунанд.
Ба ин тоифаи дур аз хешу ақрабо, табиати зебою оби поки Ватан муроҷиат намуда мехоҳам даъват намоям, ки Шумоёни разил, ки натавонистед ба халқи худ хизмати сазовор кунед, ақаллан аз номардӣ нисбати ҷавонмардоне, ки ба Ватанашон содиқона хизмати бузург карда истодаанд, худдорӣ намоед.
Кафедраи экология ва ҳифзи табиат