Ин айби чашми тут, ки зебо надидаӣ...
Воқеъан агар чашм кӯр аст зебоиву зиштиро намедонӣ ва эҳсос намекуни, ки он чи шаклу намуд ва рангу рӯ дорад.
Чандест дар саҳифаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби чандин нафар ва гурӯҳҳои мухталифи ғаразманду хоин оид ба масъалаи “Маҳалгароӣ” андеша ва фикрҳои муғризонанашр мешаванд. Аксари навиштаҳо бо тӯҳмат ва таҳқир ба фаъолияти имрӯзи ҳукумат санг мезананд, ки гӯё дар Тоҷикистон маҳалгароӣ дар авҷ аст. Агар навиштаҳои он нафаронро пайгирии намоӣ маълум мешавад, ки бо нигоҳи ғаразмандона мехоҳанд дар байни мардуми осуда ҷудоиву нифоқ андозанд. Амалкарди ин тоифа далели рӯшани хоинии онҳост, ки солҳо мешавад бо чунин сиёҳкунӣ ва сиёҳсозии давлату миллат даст задаанд.
Ҳамчун як фарди кишвар имрӯз мебинам ва эҳсос мекунем, ки дар асл кишвари азизи мо дар фазои сулҳу оромӣ ва осудагиву ободӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат қадамҳои устувор ниҳода ба фардои дурахшону умедбахш по мегузорад. Имрӯз равшан аст, ва мо низ дарк мекунем, ки Тоҷикистони азизи моро фарзандони ин сарзамин бо дасту дили тоза ва ниятҳои нек ободу зебо мегардонанд.Ба тамоми идора ва сохторҳои ҳукумату давлат фаъолият намудани ҳазорон нафар аз минтақаҳои гуногун далелеи ин гуфтаҳост, ки мо ҳамарӯза бо онҳо рӯ ба рӯ мегардем. Имрӯз дар кадом идораву ташкилот ва ё Вазорату сохторҳои давлати корафтода гардем мебинем ва худамон эҳсос мекунем, ки он кормадон аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон фаъолият доранд. Ягон ҷудоиву бегонаандозӣ онҷо эҳсос намешавад ва ҳама мисли бародару хоҳар ба корафтода кӯмак мекунанд, ки ҳеҷ далел ба он андешаҳои ғаразмандону хоинон нест. Аммо ин нафарон ба хотири манфиатҳои хоҷагони азизашон ба ҳама кор қодиранд ва ҳатто кам мондааст, ки мо фардо аз забони эшлн шунавемон таҳқиру тӯҳматашонро ба Худову Расул.
Аз берун ноогоҳона ва кӯрона ба мардуми ҳаммиллати хеш санг заданкори бас бешерафист, ки таърих санги лаънат ба ин афод мезанад. Ақидаву андеша ва афкори ғаразонаи ин гурӯҳ ҳамеша барои мардумии закии кишвар маълум аст, ки онҳо нияти хайру ободии барои ин кишварру миллат надоранд.
Ин тоифа аз қабили он хоинонеанд, ки падару модар ва пайвандону наздикони хешро пушти по задаву онҳоро фаромуш кардаанд. Онҳо бо нигоҳи ғаразона ба хотири ҳимояи манфиатҳои хоҷагонашон мехоҳад андешаҳои созандаи мардумро оганда ба ҳадафҳои нопоки худу хоҷагонаш намояду дар байни мардум парокандагиву ҷудоиро бедор созад. Аммо ҳайҳот, ин пасттинатону фурӯхташудагон наметавонанд иттиҳоду ваҳдати моро рахна созанд ва ба ҳадафи нопоки худу хоҷагонашон раванд. Эй ҳайф ва войи Шумон, ки имону виҷдонатонро ба фуруши умум гузоштаед!