Хоинони кишвар ба мақсад намерасанд
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллат заҳматҳои зиёд кашиданд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
Имрӯз, дар ҷомеаи мо мутаассифона, нафароне ёфт мешаванд, ки оромиву осудагии давлатро намехоҳанд, ба зидди давлату ҳукумат, сиёсати Пешвои миллат тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ суханони қабеҳу фитнаангез баён менамоянд. Ин хоинони миллат, ба монанди Кабирӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов тавассути сомонаҳо суханони фитнаангез гуфта, барои тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони худ машғуланд.
Дар ин ҷода, боз яке аз чеҳраҳои манфуре, ки оромию рушди давлати моро намехохад, ин Илҳом Ёқубов аст. Ин шахси бесавод ва манфур, ки бо тахаллуси Илҳом-боксёр машҳур аст,ҳамроҳи падараш Дадоҷон Ёқубов, ки ӯ ҳам яке аз хоинони миллат буда, дар хориҷа зиндагӣ мекунад. Илҳом Ёқубов вазифаи раиси федератсияи бокси вилоятро ба ӯҳда гирифта буд, чанд нафар ҷавононро гумроҳ ва хамақидааш кардааст.
Мо бояд аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибдавлатию соҳибватанӣ шукрона кунем. Ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа барои Ватани худ, барои ободонии он саҳмгузор бошад. Шахсоне, ки ба монанди Илҳом Ёқубов ба давлату ватани мо хиёнат мекунанд,чунин фардон хоини миллатанд, зеро онҳо ба хоҷагони худ фирефта шуда, ба оромӣ ва сулҳу суботи кишвар таҳдид менамоянд. Ҳама суханоне, ки онҳо тавассути сомонаҳои интернетӣ мегӯянд, беасосанд. Инсони солимфикр дида истодааст, ки давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба кадом дастовардҳо ноил гардида, ба як мамлакати ободу пешрафта мубаддал шуда истодааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда истодааст. Мақсади нопок ва нақшаҳои баде, ки хоинони миллат доранд, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд шуд. Мо, бошандагони кишвар, намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халал ворид шавад.
Роҳат Абдуҷабборова,
муаллимаи кафедраи
умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ