Худ бисоз, бо мо бисоз
Бо мақсади ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши навъҳои ҳунар дар факултети забонҳои шарқ маҳфили “Худ бисоз, бо мо бисоз” баргузор гашт.
Маҳфил бо ташаббуси мудири кафедраи забонҳои форсӣ-хитоӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Марҳабо Қосимова доир гашта, дар он устоди забони хитоӣ Ван Ся Омей ба донишҷӯён тарзи сохтани гулпаракҳоро бо воситаи коғазҳои ранга намоиш дод. Дар ин заина донишҷӯён низ малака ва маҳорати хешро ҷиҳати сохтани гулпаракҳои рангаи коғазӣ нишон доданд.
Мавриди зикр аст, ки маҳфили “Худ бисоз, бо мо бисоз” моҳе як маротиба баргузор гашта, устодони донишгоҳ ба донишҷӯён бо истифодаи усулҳои шарқиву аврупоӣ сохтани ашёҳои дастиро меомӯзанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил