​Ба туҳмату иғвогарӣ бовар надорем...

Субҳи 15 феврали соли равон дар интернет маълумоти ба Ватан баргаштани яке аз сардорони ҷунбиши ба ном «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҷой карда шуд. Дертар дар шабакаи интернет навори махсус ҷой дода шуд, ки мӯҳтавои он роҳи нодуруст ва хатарнокро интихоб намудани Ш. Гадоев буд. Дар навор худи Ш. Гадоев баромад намуда, изҳор доштааст, ки воқеан ӯро роҳгум кардаанд ва барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода бурдаанд. Ӯ инчунин таъкид намудааст, ки тӯли зиёда аз шаш соли дурӣ аз Тоҷикистон, дар ин ҷо дигаргуниҳои куллӣ, ки барои баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намудааст, ба вуқӯъ омадаанд. Аз ин лиҳоз, ӯ аз ҷавонони кишвар даъват ба амал овардааст, ки фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи баъзе аз ашхоси кӯтоҳандеш нагарданд ва доимо дар фикри ободонии давлат бошанд.

Ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом, ки ба худ номи «Паймони миллӣ»-ро гирифтааст, бо ташкили гиридиҳамоӣ, бо пахши эълону овозаву ҳангомаҳои гўшношунид барои аз даст надодани боварӣ ва маблағҳои хоҷагони хориҷиаш девонавор худро ба ҳар кўю дар заданд.

Ҳамзамон фаъолони дигари ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъшуда изҳор доштанд, ки гӯё Ш. Гадоевро кормандони мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дастгир намуда, ба Душанбе оварданд. Онҳо бовар надоранд, ки Ш. Гадоев бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргаштааст. Бояд таъкид намуд, ки имрӯз мутаасифона, тамоми ҷидду ҷаҳди садорати ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъшуда барои сиёҳ кардани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Бо истифода аз далелҳои бардурӯғ мехоҳанд таваҷҷӯҳи оламиёнро ба ин масъала ҷалб намоянд ва ба ин васила ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Аммо Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ ба ҷаҳониён собит сохт, ки вай доимо ҷонибдори бунёди давлати воқеан демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст.

Фаъолияти ғаразноки ҳизби мазкур аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гардида, аъзои он ба гурўҳҳои тундрав шомил шуданд. Бо давлати худ онҳо бо кўмаки хоҷагони хориҷӣ ҷавононро гумроҳ намуда, ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристоданд. Онҳо бо ҳама гуна роҳҳо фирефтагони хешро ба давлатҳои ҷангзадаи Сурияю Ироқ сафарбар намуданд, ки дар натиҷа садҳо кўдакон бепадару модар монда ҳазорон оиларо аз байн рабуданд.

Нафароне, ки ба доми фиребу тазвири роҳбари ҳизб афтода, солиёни дароз дар хидмати хоҷагони хориҷиашон дар нооромкунии вазъияти сиёсии кишвар, халадор кардани амният ва бесуботӣ миёни ҷомеа мекўшиданд, ҳамакнун ба худ омаданд, ки доманашон бо ваъдаҳои пучу беасос пур аст. Роҳбари ҳизб ба ҷуз аз ғами пул дигар парвои нафароне, ки аз пайи ў дар ботлоқи фаҳшу фиреб дармондаанд, надорад. Шарофиддин Гадоев хатогиҳои содирнамудаашро эҳсос намуда бозгаштан ба Ватан, ба назди пайвандон ва авфи гуноҳони содиркардаашро авлотар донист. Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Роҳбари давлат ба нафароне, ки аз кирдорҳои содирнамудаашон пушаймон шудаанд, аз ҷавобгарӣ озод шуданро кафолат додааст.Ҳамарўза ҳар як амал рафтору гуфтор ва муносибати ҷомеа бар зиддияти ин падидаи хатарноки аср нигаронида шуда, тарғиботу ташвиқгари асосии ҳадафи дурбинонаи созандагӣ ва таҳким бахшандаи ваҳдати миллӣ бояд бошад.

Устодони кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ