Муҳиддин Кабирӣ хоини ватан буд ва хоҳад монд!
Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслакони худ ҳамеша бо ҳар роҳу усул кӯшиш менамояд, ки бо навиштаҳои беасосу бӯҳтонҳои иғвогаронаи худ тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ҳокимияти мавҷударо сиёҳ намояд. Лекин ҳамаи кӯшишҳояшон бебароранд. Зеро мардуми фарҳангдӯсти мо худ хуб дарк намудаанд, ки онҳо ҳама ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхта шудаанду ҳар он чие, ки онҳо мегӯянд бе саркаши иҷро менамоянд.
Боз як нашрияи ӯ тариқи сомонаи иҷтимоӣ оид ба бефарҳанг будани ҳокимиятдорон аст, ки саросар беасос буда, иғвои навбатии ӯст. Лекин ӯву ҳаммаслаконаш бояд хуб дарк намоянд, ки мардуми кишвар кайҳо аз кинаву найранги онҳо нисбати ҳокимияти мавҷуда бохабар буда, ҳеҷ гоҳ ин гуна хоинонро намебахшад ва ба гуфтаҳои беасоси онҳо бовар ва пайравӣ нахоҳад кард. Мардуми кишвар фарҳанги воло дошта, ба қадри сулҳу субот ва оромие, ки дар сарзамини мо пойдор астмерасанд ва намегузоранд, ки чунин ашхосон монанди М. Кабирӣ ба он халадор гарданд. Агар онҳо ба гуфти худ ба мардуми кишвар дилсӯзӣ мекарданд ин гуна суханҳои иғвогаронаро эҷод накарда, аз паи боз ҳам пешравии ҷомеа мегардиданд. Боқи онҳо хоинанд ва чунин хоҳанд монд.
Мавлонова Р.М.- дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умуми