​Изҳороти муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат Манонова М.

Рўзҳои охир тариқи расонаҳои хабарӣ дар бораи ҳаракати босмачигӣ ва шахсияти қўрбошиҳо ҳамчун «мудофеъи обу хоки меҳан» фикру андешаҳои мухталиф интишор ёфта истодаанд. Ақидаҳое мављуданд, ки љанги босмачиёнро алайхи ҳокимияти шўравӣ ҳамчун «муборизаи мардуми Бухоро бар зидди инқилобчиён» тафсир мекунанд ва «пешвоён»-и босмачиёнро ба сифати «қаҳрамонони миллат» нишон медиҳанд. Ин, албатта, нигоҳи яктарафа, ғалат ва субъективӣ ба воқеаҳои таърихӣ ва симои босмачиён аст. Ҳақиқат ин аст, ки босмчигӣ баъд аз гурехтани амир Олимхон ба Афғонистон зиддишўравӣ ба вуқўъ омад. Аз ин сабаб моҳияти зиддиболшевикӣ касб кард. Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва бозпас овардани амир буд, ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерўи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд.Дар ин талошҳо халқи ранљбар бисёр нобуд мешуд, ки фољиа ҳам дар ҳамин буд.

Босмачиён кӣ буданд? Қабл аз хама, онҳо амалдорони давлатии Аморати Бухоро буданд, ки манзурашон барқарор кардани мансаб ва салтанати пешина буд. Дар тули ин солҳо олимони тоҷик исбот кардаанд, ки «босмачиҳо» киҳо буданд, бар зидди мардуми бечора чи зулму ситамро раво дидаанд, чи қадар зиёиён ва деҳқононро молу мулкашонро талаву тороҷ намуда худашонро ба қатл расониданд. Агар ин «босмачиҳо»-и хунхор аз давлату меҳани худ дифоъ мекарданд магар мардум бар зидди онҳо бармехост? Ҳаргиз не. Аммо ин разилон бо супориши «хоҷагони туркнажодашон» миллати худро азобу шиканҷа доданд, ба қатл расониданд то ки мардум аз ин «босмачиҳо» тарсида онҳоро тарафдорӣ намоянд, лекин аҳолӣ яқинан медонистанд, ки дар сурати ғалаба кардани ин разилон онҳо боз дар зери истисмори онҳо қарор мегиранд. Аз ин рӯ, ё марг ё озодӣ гуфта ба муқобили онҳо баромада дар лонаашон ин хунхоронро несту нобуд карданд.

Ана бинед, ки ин “босмачиҳо”-и ба гуфтаи наҳзатиён «мудофеъи обу хоки меҳан» ба мардуми бечора зулмро раво медиданд. Онон бо супориши “хоҷагонашон” бе ягон далел ин хунхорони “босмачӣ”-ро “таърифу тавсиф” карда, мехоҳанд бо ин роҳ хонандаи закиро ба худ ҷалб кунанд, аммо таърих гувоҳ аст ва дар ҳеҷ маврид мардум ба сафсатаҳояшон бовар намекунанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ