Иштироки устодон ба дарси таҷрибаомўз
Бо мақсади шиносоӣ бо рафти таҷрибаомўзии донишҷўён як гурўҳ устодон, аз ҷумла аз раёсати донишгоҳ корманди шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон З. Исобоева, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ ва роҳбари таҷрибаомӯзӣ дотсент М. Қосимова ба дарси кушоди таҷрибаомӯзи факултети забонҳои шарқ ихтисоси форсӣ-англисӣ Мусаллама Сафарова иштирок намуданд.
Мусаллама Сафарова дар рафти дарс аз аёният, усулҳои нави таълим ва бозиҳои шавқовар истифода намуд, ки ҷиҳати бедор намудани шавқу завқи хонандагон аҳамияти калон дорад. Дар рафти иҷрои супориш муаллим диққати хонандагонро ба ислоҳи хатоҳо ва имлои дурусти калимаҳо ҷалб намуда, баҳри инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон таваҷҷуҳи асосии хешро равона намуд. Ин буд, ки устодон ба маҳорати дарсгузарии таҷрибаомӯз Мусаллама Сафарова баҳои баланд дода, иброз намуданд, ки дарс дар асоси талаботи замони муосир дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил